Август 13, 2016 21:09 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши нигарониҳо аз ҷиноёти Арабистон дар Яман

Равина Шамдасани, сухангуи расмии дафтари Комиссарии олии ҳуқуқи башари Созмони милал дар нишасти хабарӣ дар Женева эълом кард: Шумори қурбониёни ғайринизомии Яман таи ин давра ба 10270 нафар расида, ки 3704 кушта ва 6566 захмӣ шуданд.

Ин масъули Созмони милал афзуд: Шумори қурбониён таи ҳафтаҳои гузашта афзоиш дошта ва дар моҳи июл дастикам 60 ғайринизомӣ кушта ва 123 нафар захмӣ шуданд. Ин дар ҳолест, ки аз ҷумъаи гузашта низ 49 ғайринизомӣ кушта ва 77 нафари дигар захмӣ шуданд.  

Сухангуи Комиссарии олии ҳуқуқи башари Созмони милал афзуд: Созмони милал аз замони эъломи оташбас дар Яман дар 11-и апрели гузашта, омори 223 кушта ва 466 захмӣ дар миёни ғайринизомиёнро дар ихтиёр дорад.

Сандуқи кӯдакони милали муттаҳид (ЮНИСЕФ) низ ахиран эълом кард, беш аз дувуним миллион кӯдаки яманӣ ба сӯитағзия дучор шудаанд.

ЮНИСЕФ ҳадаф қарор гирифтани кӯдакон дар ҷанг алайҳи Яманро маҳкум кард ва иброз дошт, бо идомаи муҳосира ва ҷилавгирӣ аз интиқоли дору ва ғизо ба манотиқи буҳронзада, мумкин аст, даҳ ҳазор кӯдаки яманӣ то поёни соли ҷорӣ аз байн бираванд.

Аз замони оғози ҳамалоти Арабистон ва ҳампаймононаш ба Яман дар марти соли гузашта токунун, беш аз ҳазору саду бист кӯдаки яманӣ низ кушта шудаанд.  

Ташдиди ҷиноёти Арабистон дар Яман моҳҳои ахир дар ҳолест, ки пойтахти Кувайт аз 21-и апрел шоҳиди музокироти сулҳ миёни намояндагони Абдурабеҳ Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яман ва мавриди ҳимояти Риёз аз як сӯ ва гурӯҳи Ансоруллоҳ ва Ҳизби Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури пешини Яман аз сӯи дигар ва бо назорати Исмоил Валад Алшайх Аҳмад, намояндаи Созмони милал будааст.

Дар ҳоле, ки музокироти сулҳи Яман дар Кувайт бо сангандозии тарафи Риёз ноком монда ва дар мақотее низ ба таълиқ даромадааст, эътилофи арабӣ ба саркардагии Арабистон ҳамалоти бесобиқаеро ба устонҳои мухталифи Яман аз сар гирифтааст.

Дар ин замина Арабистон дар рӯзҳои ахир ҳамалоти худ ба манотиқи маскунии Яманро ташдид кардааст. Бомбафканҳои Саудӣ дар идомаи нақзи оташбас ва густариши таҳоҷум ба Яман дар чанд соати гузашта беш аз 70 бор ба Санъо, пойтахт ва шуморе аз устонҳои Яман ҳамла карданд.

Устонҳои ҷанубии Яман низ аз ҳамалоти ҳавопаймоҳои Саудӣ дар амон намонданд. Ин дар шароитест, ки Кумитаи ҳамоҳангии кумакҳои инсондӯстонаи Созмони милал дар Яман таъкид кард, роҳҳалли дигаре ба ҷуз роҳҳалли сиёсӣ барои ин буҳрон вуҷуд надорад.

Ҷейми Макголдрик, масъули ҳамоҳангии кумакҳои инсондӯстонаи Созмони милал дар Яман рӯзи ҷумъа гуфт: Бозгашт ба як ҷанги тамомайёр дар ин кишвар танҳо муҷиби афзоиши вайрониҳо хоҳад шуд ва гуфтугӯҳои сиёсӣ танҳо роҳҳалли ин буҳрон башумор меравад.

Макголдрик тасреҳ кард, ғайринизомиёни Яман ҳамчунон қурбониёни аслии нотавониҳои сиёсии тарафҳои даргир аз ёфтани як роҳҳалли сиёсӣ барои буҳрони ин кишвар башумор мераванд.

Голдрик ёдовар шудааст, ки даргириҳо ва ҳамалоти ҳавоӣ ба вайронии хонаҳои бисёре мунҷар шуда ва ҷони занон ва кӯдакони бисёреро гирифтааст.  

Намояндаи Созмони милал дар умури Яман низ аз мавориди нақзи оташбас дар Яман тавассути Арабистон интиқод кард.

Исмоил Валад Алшайх Аҳмад, намояндаи Созмони милал дар умури Яман рӯзи ҷумъа аз тарафҳои даргир дар Яман хост, ҳарчи сареътар ба роҳкори сиёсии ҷомеъ барои ҳалли буҳрони Яман даст ёбанд ва таъкид кард, ки роҳкори буҳрони Яман фақат сиёсӣ аст.