Август 23, 2017 18:15 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Туркия: Исрори курдҳои Ироқ ба истиқлол иштибоҳ аст

Вазири умури хориҷаи Туркия бори дигар бо ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистон аз Ироқ мухолифат кард ва онро иқдоме иштибоҳ донист.

Ба нақл аз шабакаи хабарии Алъолам, Мавлуд Човуш Уғлу дар нишасти хабарии муштарак бо Иброҳим Алҷаъфарӣ, вазири умури хориҷаи Ироқ дар Бағдод, ибрози умедворӣ кард, мушкилоти Бағдод ва Ербил (маркази иқлими Курдистони Ироқ) дар чорчуби ваҳдати Ироқ ҳал шавад.

Вазири умури хориҷаи Туркия, ҳадаф аз сафари худ ба Ироқро таъкид бар ҳимоят аз ваҳдати ин кишвар донисту таъкид кард: Манофеи курдҳо дар ин аст, ки ҳамеша бо Ироқ муттаҳид бимонанд .

Човуш Уғлу ҳамчунин дар посухи саволе дар бораи ҳузури низомиёни турк дар хоки Ироқ гуфт: Пойгоҳи Баъшиқа бо ҳадафи нақзи ҳуқуқ ва ҳокимияти Ироқ ва таҳдиди он таъсис нашуда, балки барои таҷҳиз ва омӯзиши нерӯҳои ироқӣ бо ҳадафи мубориза бо ДИИШ омода шудааст.

Бо ин ҳол, Иброҳим Алҷаъфарӣ, вазири умури хориҷаи Ироқ бар хуруҷи фаврии низомиёни Туркия аз шимоли Ироқ таъкид кард .

Равобити Бағдоду Анкара ба иллати вуҷуди пойгоҳи низомии Туркия дар минтақаи Баъшиқа дар шимоли Ироқ дар солҳои ахир дучори таниш будааст .

 

Барчасп