Талъафари Ироқ дар остонаи озодии комил
Фармондеҳи полиси вокуниши сареи Ироқ эълом кард, Талъафар тақрибан озод шудааст.
Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Садо ва Симо аз Талъафар, шабакаи телевизионии ироқии "Алитиҷоҳ ТВ" ба нақл аз гузоришгари худ дар ҷабҳаи Талъафар эълом кард, нерӯҳои полиси марказӣ, нерӯҳои вокуниши сареъ ва нерӯҳои басиҷи мардумӣ маҳаллаҳоеро, ки дар шаҳри Талъафари Ироқ дар тасарруфи ДИИШ монда буд, аз дасти террористҳо озод карданд.
Бар асоси ин гузориши манобеи майдонӣ, бо вуҷуди гузориши бархе манобеи низомии Ироқ аз озодсозии Талъафар, ҳанӯз чанд маҳаллаи ин шаҳр ба таври комил озод нашудааст ва амалиёти артиш ва нерӯҳои мардумӣ идома дорад.
Бар асоси ин гузориш, нахуствазири Ироқ то соатҳои дигар озодии комили шаҳри Талъафар, охирин пойгоҳи террористҳои такфирӣ дар вилояти Найнавои Ироқро эълом хоҳад кард.
Амалиёти озодсозии шаҳри Талъафари вилояти Найнавои Ироқ аз бомдоди якшанбеи 20-уми август бо фармони Ҳайдар-ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ озод шудааст.