Август 26, 2017 20:12 Asia/Dushanbe
  • Неруҳои ироқӣ контроли шаҳри Талъафарро ба даст гирифтанд

Манобеи ироқӣ эълом карданд, шаҳри Талъафар, дар ғарби устони Найнаво (шимоли Ироқ) пас аз як ҳафта, аз сайтараи террористҳои ДИИШ хориҷ шуд ва ба контроли комили неруҳои ироқӣ даромадааст.

Ситоди таблиғоти ҷанги Ироқ рӯзи шанбе эълом кард, шаҳри Талъафар дар натиҷаи ҳамкори неруҳои басиҷи мардумӣ, созмони мубориза бо терроризм, артиши Ироқ, Пулиси федерал ва ҳамчунин дар сояи фатвои марҷаъияти динии ин кишвар, таҳти контроли неруҳои ироқӣ қарор гирифтааст.

Пеш аз ин, Абдуламир Рашид Ёруллоҳ, фармондеҳи амалиёти муштараки Ироқ дар Талъафар эълом кард, неруҳои муштараки ироқӣ 90 дарсади ин шаҳрро аз ишғоли ДИИШ озод кардаанд.

Фармондеҳи амалиёти муштараки Ироқ дар Талъафар, таъкид кард, маъмурияти нируҳои Пулиси федерал ва Ал Ҳашуд-ул- Шаъбӣ дар амалиёти озодсозии шаҳри Талъафар ба итмом расидааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳайдар Ал Ибодӣ, нахуствазири Ироқ ва фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи ин кишвар, вориди Талъафар шудааст, то озодсозии комили ин шаҳрро то сооти оянда аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ эълом кунад.

Амалиёти озодсозии шаҳри Талъафар дар ғарби устони Найнаво аз ишғоли террористҳои ДИИШ, 20 августи 2017 оғоз шуд.

 

 

Барчасп