Вазъияти вахими 10 ҳазор кӯдаки сурӣ дар муҳосираи ДИИШ дар Раққа
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i22266-Вазъияти_вахими_10_ҳазор_кӯдаки_сурӣ_дар_муҳосираи_ДИИШ_дар_Раққа
Созмони Милали Муттаҳид шароити 10 ҳазор кӯдакро, ки дар шаҳри Раққаи Сурия дар муҳосираи ДИИШ гирифтор шудаанд, вахим эълом кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 27, 2017 11:17 Asia/Dushanbe
  • Вазъияти вахими 10 ҳазор кӯдаки сурӣ дар муҳосираи ДИИШ дар Раққа

Созмони Милали Муттаҳид шароити 10 ҳазор кӯдакро, ки дар шаҳри Раққаи Сурия дар муҳосираи ДИИШ гирифтор шудаанд, вахим эълом кард.

Ба гузориши ИРНА, Созмони Милали Муттаҳид рӯзи шанбе дар гузорише эълом кард, об, барқ, дору ва ғизо дар манотиқт таҳтт муҳосират ДИИШ дар Раққа, вуҷуд надорад ва мардуми ин шаҳр бавижа кӯдакон дар гуруснагӣ ва тарс басар мебаранд.

Шаҳри Раққа дар канори рӯди Фурот аст ва бо марзи Туркия 90 километр фосила дорад.

Бар асоси гузоришҳо, се то чаҳор ҳазор нафар аз аносури гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин шаҳр мустақар ҳастанд.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Қатар, Амрико ва Туркия барои тағйири шароити минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шудааст.

Неруҳои сурӣ ба кумаки неруҳои меҳвари муқовимат дар моҳҳои ахир тавонистаанд, зарботи сахте ба террористҳо ворид кунанд.