Амири Макка: Эрониҳо бародарони динии мо ҳастанд
Шоҳзода Холид ал-Файсал, амири шаҳри Маккаи Мукаррама ибрози умедворӣ кард, ҳоҷиёни эронӣ маносик ҳаҷро ба хубӣ ва дар роҳатӣ ба ҷо оварда бошанд.
Ба гузориши “Спутник”, Холид ал-Файсал” рӯзи шанбе дар нишасти хабарӣ гуфт: “Ҳоҷиёни эронӣ бародарони динии мо ҳастанд, ки дар ин сарзамини муқаддас аз онҳо истиқбол ва пазироӣ кардем”.
Ал-Файсал ибрози умедворӣ кард, ки ҳоҷиёни эронӣ маносики ҳаҷро дар роҳатӣ ва оромиш ва бидуни мушкил ба ҷо оварда бошанд ва хотираи хубе аз Арабистон дар зеҳни онҳо сабт шавад.
Дар ҳаҷҷи соли 2015 беш аз 460 зоири эронӣ дар саҳрои Мино, дар издиҳоми ҷамъият шаҳид шуданд ва Эрон бетадбирӣ ва нотавонии масъулони арабистониро сабаби бурузи ҳодисаи маргбори Мино донист.
Дар соли 2016 ба сабаби ин ки Арабистон тазминҳои амниятии лозимро барои зоирони эронӣ бар ӯҳда нагирифт, Эрон ҳеҷ зоире ба ҳаҷҷи фарзӣ нафиристод.
Имсол бо музокироте, ки байни масъулони эронӣ ва саудӣ анҷом шуд, саудиҳо зимни пазириши шартҳои Эрон, барои ҳифзи амният ва саломати ҳоҷиёни эронӣ замонат доданд ва бо ин замонат зоирони эронӣ имсол дар маросими ҳаҷ ҳузур ёфтанд.