Созмони Ҳамкории Исломӣ шаҳраксозии режими Исроилро маҳкум кард
Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) тасмими режими саҳюнистиро барои сохти чаҳор ҳазор воҳиди маскунии ҷадид дар Қудси ишғолӣ маҳкум кард.
Ба гузориши Маркази итилоърасонии Фаластин, Юсуф ал-Усаймин, дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ рӯзи шанбе дар баёнияе эълом кард, ҳамаи шаҳракҳои саҳюнистнишини сохташуда дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин бар асоси қонунҳои байналмилалӣ ва қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ғайриқонунӣ аст.
Дабири кулли СҲИ тасмими режими саҳюнистиро барои ташкили Шӯрои мудирияти умури шаҳракнишинони саҳюнист дар ал-Халил иқдоме хатарнок тавсиф ва изҳор дошт, ҳадаф аз ин таҳаррукот, таҳмили сиёсатҳои Исроил бар шаҳри ал-Халил ва яҳудисозии бахши қадимии ин шаҳр аст.
Дабири кулли СҲИ бори дигар аз Шӯрои амнияти СММ хост, ба масъулиятҳои худ амал кунад ва режими саҳюнистиро ба унвони режиме ишғолгар барои амал ба қонунҳои байналмилалӣ ва таваққуфи сиёсатҳои таҷовузкоронаи худ таҳти фишор қарор диҳад.
Шӯрои амнияти СММ 23-юми декабри соли 2016 қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он хостори поён додан ба шаҳраксозии режими саҳюнистӣ дар Фаластини ишғолӣ шуд, аммо Исроил дар моҳҳои гузашта раванди тавсеаи шаҳракҳои саҳюнистиро дар сарзаминҳои ишғолӣ афзоиш додааст.