Сентябр 10, 2017 12:07 Asia/Dushanbe
  • Шикасти муҳосираи Дайр-уз-Зӯр бузургтарин шикасти ДИИШ дар Сурия

Вазорати дифои Русия шикасти муҳосираи шаҳри Дайр-уз-Зӯри Сурияро “шикасти вайронгар” барои гурӯҳи террористии ДИИШ тавсиф кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Вазорати дифои Русия бо интишори баёнияе эълом кард, нерӯҳои давлатии Сурия бо пуштибонии нерӯи ҳавоии Русия ба муваффақияте ҷиддӣ даст ёфтанд ва шикасти вайронгар ба воҳидҳои ДИИШ дар минтақаи Дайр-уз-Зӯр таҳмил карданд.

Ин баёния меафзояд, пирӯзӣ дар Дайр-уз-Зӯр аз ҳар назар фаротар аз тамоми пирӯзӣҳои пешин дар се соли гузашта аст.

Сешанбеи гузашта бо вуруди нерӯҳои артиши Сурия ва муқовимат ба мақарри бригада (тип)-и 137 дар ғарби шаҳри Дайр-уз-Зӯр, муҳосираи беш аз сесолаи ин шаҳр ба таври комил шикаста шуд.

 

Барчасп