“Гургҳои хуфта” - маъмури иҷрои ҷиноятҳои ҷадиди ДИИШ
Гузоришҳои расонаӣ нишон медиҳад, ки аз чанде пеш гурӯҳи террористии ДИИШ омӯзиши “гургҳои хуфта”-и худро барои оғози ҳамалоти террористӣ дар Ғарб бо тактикаи ҷадид ва ваҳшатовар оғоз кардааст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал-Олам”, гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҳамла ба Аврупо танҳо ба тактикаҳо ва равишҳои қадимии худ, монанди зери чарх гирифтан бо мошин, инфиҷор ва ҳамла бо силоҳи сард басанда накарда, балки ба шеваҳои навине барои ҷиноят ва эҷоди тарсу ваҳшат рӯй овардааст.
Бар асоси ин гузориш, вебгоҳи “Сойт”, ки мутахассиси баррасии гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ аст хабар додааст, ДИИШ аз тариқи яке аз каналҳои худ дар Телеграм ба тарафдоронаш паёмҳое фиристода ва аз онҳо хостааст, маводи ғизоиро дар бозорҳо ва фурӯшгоҳҳо масмум кунанд.
Дар паёми ин гурӯҳи террористӣ омадааст: “Анвои заҳрҳоро бишносед ва равиши омодасозии онро фаро гиред, зеро дар як чашм ба ҳам задан садҳо нафарро хоҳад кушт”.
Ин гурӯҳи террористӣ ҳамчунин ба тарафдоронаш пешниҳод кардааст: “Пас аз олуда кардани сабзиҷот, меваҳо ва фаровардаҳои гӯштӣ ба заҳр, хабари масмум будани ин маводи ғизоиро пахш кунед, зеро ки тарсу ваҳшати мардум ва хисороти молии фаровонро дар пай хоҳад дошт”.
ДИИШ аз касоне, ки дар кушторгоҳҳо ва фурӯшгоҳҳо кор мекунанд хостааст, маводи ғизоиро бо сиёнур, ки заҳри бисёр кушанда аст, масмум кунанд.