Сентябр 11, 2017 13:52 Asia/Dushanbe
  • Димишқ: Амрикоиҳо бо пойи худ аз Сурия хориҷ шаванд

Муовини вазири умури хориҷаи Сурия гуфт, беҳтар аст, Амрико худ аз Сурия хориҷ шавад вагар на Димишқ ба унвони душмани ишғолгар бо он кишвар, рафтор хоҳад кард.

Файсал Ал Миқдод якшанбешаб дар гуфтугӯ бо шабакаи Ал Маёдин афзуд, вуҷуди ҳар неруи хориҷӣ дар хоки Сурия, бидуни ҳамоҳангӣ бо Димишқ, ғайриқобили қабул аст ва Амрико душмани Сурия аст.

Вай гуфт, ҳар тарафе, ки мехоҳад бо терроризм мубориза кунад бояд бо артиши Сурия ҳамоҳанг бошад.

Ал Миқдод афзуд, неруҳои амрикоӣ зерсохтҳои Сурияро вайрон карданд ва иқдомоти онҳо дар чорчӯби хидмат ба терроризм аст.

Муовини вазири умури хориҷаи Сурия гуфт, набарди Дайр аз- Зур охирин набарди бузург дар Сурия аст ва ончи боқӣ монда, набардҳои ҷузъӣ аст.

Вай таъкид кард, озодсозии комили Дайр аз- Зур дастоварди “эътилофи муқаддас” миёни Сурия, муқовамати исломӣ, Эрон ва Русия аст.

Ал Миқдод гуфт, аз Ҳизбуллоҳи Лубнон, Эрон, Русия ва ҳамаи тарафҳое, ки моро дар мубориза бо терроризм ёрӣ карданд, ташаккур мекунем.

Вай ҳамчунин гуфт, Арабистон миллиардҳо доллар барои эътилофи террористҳо ва зидди Сурия ҳазина кард ва ҳарчанд, ки иттиҳоми Арабистон ба Қатар, дар бораи ҳимоят аз терроризм дуруст аст, аммо Арабистон худ дар раъси ҳомиёни терроризм аст.