Фармондеҳи узбакҳои ДИИШ эъдом шуд
Гурӯҳи террористии ДИИШ Абуқатодаи Узбакӣ, фармондеҳи гурдонҳои узбаки худ ва ҷамъе аз узбакҳои узви ин гурӯҳро эъдом кард.
Ба иттилои Ирно, гурӯҳи террористии такфирии ДИИШ, Абуқатода Узбакӣ, фармондеҳи гурдонҳои узбакро ба ҳамроҳи теъдоди дигаре аз нерӯҳои ин гурдон, пас аз фирор аз майдони набард дар шарқи устони Найнаво дар шимоли Ироқ эъдом кард.
Абуқатодаи узбакӣ ва нерӯҳояш рӯзи шанбе дар набарди муқобили нерӯҳои пешмаргаи курди Ироқ дар шарқи устони Найнаво гурехтанд ва ба ҷониби ғарби ин устон фирор карданд.
Ба гуфтаи як манбаи низомии ироқӣ, Абуқатода ва соири нерӯҳои фирории ДИИШ дар подагони низомии Алғазлонӣ дар ғарби устони Найнаво эъдом шуданд.
Раиси Шӯрои устони Найнаво рӯзи шанбе гуфта буд, ки дар набард бо аъзои ДИИШ дар меҳвари Алхозир ҳафт рустои ин минтақа озод шудааст.