Сентябр 14, 2017 21:37 Asia/Dushanbe
  • Даҳҳо кушта ва захмӣ дар ду ҳамлаи террористӣ дар Ироқ

Дар ду ҳамлаи террористӣ дар устони Зиқор дар ҷанубу шарқи Ироқ, дастикам 137 тан кушта ва захмӣ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, вазорати кишвари Ироқ эълом кард, террористҳо рӯзи панҷшанбе ба маркази истибозрасӣ ва ресторане дар устони Зиқор, ҳамла ва ҳамзамон як худрави бомбагузорӣ шударо мунфаҷир карданд.

Дар ҳамлаи нахуст як террористи интиҳорӣ, камарбанди инфиҷории худро дохили  ресторани Фадак дар канори бузургроҳе дар атрофи шаҳри Носирия, мунфаҷир кард ва сипас се ё чаҳор тани дигар ба самти касоне, ки дохили ин ресторан буданд, тирандозӣ карданд.

Дар ҳамлаи дуввум, ки инфиҷори як худрави бомбгузорӣ шуда буд, як истибозрасии неруҳои амниятӣ дар ҳамин бузургроҳ ҳадаф қарор гирифт.

Бар асоси эъломи вазорати кишвари Ироқ, дар ин ду ҳамлаи террористӣ 50 тан кушта ва 87 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Се тан аз кушта шудагон ва чаҳор нафар аз захмиҳои ин ду ҳодисаи террористӣ, эронӣ ҳастанд.

Террористҳо пас аз таҳаммули шикастҳои пай дарпай дар муқобили неруҳои ироқӣ ба вижа дар устони шимолии Найнаво, ба куштори ғайринизомиён дар шаҳрҳои мухталифи Ироқ, рӯй овардаанд.