Сентябр 23, 2017 21:20 Asia/Dushanbe
  • Башор Асад: Умдаи миллатҳои арабӣ ҳомии миллати Сурия ҳастанд

Раисиҷумҳури Сурия изҳор кард, бештар миллатҳои арабӣ ҳомии миллати Сурия ҳастанд ва арабҳои ҳомии террористҳое, ки зидди Сурия иқдом мекунанд, дар баробари ин аксарияти мутлақ ночизанд.

     Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия (Соно), Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, рӯзи шанбе дар дидори ҳайати парлумонии Мавритания ба раёсати Муҳаммад вулд Фол, раиси ҳизби Рифоҳи ин кишвар дар Димишқ, таъкид кард, сафари ҳайатҳои мардумӣ аз кишварҳои арабӣ ба Сурия дорои далолатҳо ва паёмҳои хосс ва бузурге барои миллати Сурия будааст, ин мавзӯ нишон медиҳад, аксарияти қотеи миллатҳои арабӣ дар канори суриҳо истодаанд.

   Асад афзуд, гуфтугӯ ва табодули назар, бавижа байни парлумонҳо ва аҳзоб дар арсаи арабӣ, амре асосӣ ва балки барои шаклгирии дидгоҳи якпорча дар қиболи масоил ва чолишҳои пешрӯи миллатҳои арабӣ, муҳим аст.

   Раисиҷумҳури Сурия тасреҳ кард, моҳияти арабӣ навъе гароиш ба шумор меравад, на афкор ва иддеаи матраҳ шуда, дар китобҳо, таълифот ва  танаввуъ дар минтақаи арабӣ, амре табиӣ аст, аз ин рӯ, бояд дар бораи моҳият ва гароишҳо дидгоҳи ҷомеъ вуҷуд дошта бошад, то битавон аз тақобули мавҷуд дар ин арса хориҷ шуд.

   Аъзои ҳайати парлумони Мавритания низ таъкид карданд, мавзеи расмӣ ва мардуми Мавритания ҳимоят аз мардум, артиш ва масъулони Сурия аст, ки дар маърази ҳамалоти бесобиқаи террористӣ қарор доранд ва пирӯзиҳое, ки дар Сурия дар баробари террористҳо ба даст омада, фақати мутааллиқ ба суриҳо нест, балки мутааллиқ ба ҳамаи озодагони ҷаҳон аст.

  Аъзои ин ҳайат афзуданд, ин итминон вуҷуд дорад, ки мардуми Сурия бо истодагӣ ва пойдории худ дар солҳои гузашта, метавонанд бори дигар рӯи пои худ биистанд ва аз ӯҳдаи бозсозии кишварашон бароянд.

 

Барчасп