Узрхоҳии вазир ба иллати интишори акси аҷиб аз подшоҳи Арабистон
(last modified Sun, 24 Sep 2017 11:02:07 GMT )
Сентябр 24, 2017 16:02 Asia/Dushanbe
  • Узрхоҳии вазир ба иллати интишори акси аҷиб аз подшоҳи Арабистон

Вазири омӯзиш ва парвариши Арабистон ночор шуд, бобати интишори як акси иштибоҳ дар китобҳои дарсӣ, ки ҷанҷолбарангез шуд, узрхоҳӣ кунад.

Ба нақл аз асри Эрон, дар ин акс, Йода, шахсияти хаёлии филми Ҷанги Ситорагон канори Малик Файсал, подшоҳи фақиди Арабистон қарор гирифтааст .

Аҳмад Алъисӣ, вазири омӯзишу парвариши Арабистон гуфтааст, як кумитаи вижа дар ҳоли баррасии иллати рух додани ин иштибоҳи ғайриамд аст .

Дар акси ҷанҷолӣ, шахсияти хаёлии Йода, ки дар маҷмуаи Ҷанги Ситорагон як падари маънавӣ ва пири хирадманди Ҷедай аст, дар канори Малик Файсал нишаста ва подшоҳи фақиди Арабистон низ дар ҳоли имзои санади Созмони милали муттаҳид ба соли 1945 аст .

Ин акс дар ҳақиқат, як монтажи ҳунарии асари Шавиш, ҳунарманди арабистонӣ аст, ки худаш гуфтааст, рӯҳаш ҳам хабар надорад, чи тавр асараш аз китобҳои дарсӣ сар даровардааст .

Бо вуҷуди ин, Шавиш таъкид кардааст, ки қасдаш аз ин монтаж, ба сухра гирифтани Малик Файсал набуда, балки мехоста, бо канори ҳам қарор додани Малик Файсал ва  Йода, бар хирадмандии подшоҳи асбақи Арабистон таъкид кунад .