Сентябр 25, 2017 11:45 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳамапурсии ҷанҷолӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ

Манобеи хабарӣ аз оғози ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Русия ал-Явм”, бо вуҷуди мухолифатҳои ҷаҳонӣ ва давлати марказии Бағдод бо ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ, ин ҳамапурсӣ субҳи душанбе оғоз шуд.

 Пойгоҳи хабарии ироқии “Ас-Сумария нюз” низ аз оғози ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ хабар дод.

Бархе аҳзоби минтақаи Курдистони Ироқ рӯзи ҳафтуми июн дар нишасте бо ҳузури Масъуди Боризонӣ, раиси ин минтақа бо баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ дар 25-уми сентябри соли 2017 мувофиқат карданд.

 Дар остонаи ин ҳамапурсӣ, давлати Ироқ шомгоҳи якшанбе дар баёнияе аз ҳукумати минтақаи Курдистон хост, ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳои таҳти контроли ин минтақаро таҳвили давлати федералии Ироқ диҳад.

 Давлати Ироқ ҳамчунин аз кишварҳои дунё хост, дар мавриди гузаргоҳҳо ва фурудгоҳҳо мунҳасиран бо Бағдод ҳамкорӣ кунанд.

Бағдод ҳамчунин аз дигар кишварҳо хостааст, хариди нафт аз минтақаи Курдистонро мутаваққиф кунанд.