Сентябр 28, 2017 18:01 Asia/Dushanbe
  • Ранг иваз кардани муфтиҳои саудӣ пас аз ҳукми ҷадиди подшоҳ

Мубаллиғон ва уламои динии Арабистон, ки то пеш аз ин мухолифи сарсахти ронандагии занон буданд ва зидди он фатво содир мекарданд, акнун дар тавҷеҳи ҳукми подшоҳи Арабистон барои озод шудани ронандагии занон бо ҳам рақобат мекунанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал Олам”, Фаҳд Ал Моҷид, дабири кулли ҳайати уламои мусулмони Арабистон дар гуфтугӯ бо шабакаи “Ал Арбия”, судури фатво алайҳи ронандагии занонро инкор кард ва гуфт, ҳеҷ фатво, баёнияе ва ё ҳукме аз сӯи ин ҳайат барои таҳрими ронандагии зан содир нашудааст.

Вай дар айни ҳол таъкид кард, ки бархе фатвоҳо аз ҷониби бархе аъзои ин ҳайат матраҳ шуда, аммо ин ба-дон маъно нест, ки ҳайати уламои мусулмони Арабистон бо тамоми аъзояш бо онҳо мувофиқ аст.

Ал Моҷид афзуд, уламои шариат дар Арабистон ҳамагӣ мӯътақиданд, «рафтори ҳоким бо раият манут ба манфиати умумии раият аст, аз ин рӯ, вале амир дар тамоми тасмимоти худ муфидтарин ва беҳтаринро интихоб хоҳад кард.»

Шайх Абдуллоҳ бин Муҳаммад Ал Мутлақ, узви ҳайати уламои мусулмони Арабистон ва мусташори Девони подшоҳӣ, низ тасмими Малик Салмонро дар бораи озод кардани ронандагии занон, аз масоили муҷоз унвон кард.

Сулаймон бин Абдуллоҳ Абло Ал Халил, мудири Донишгоҳи Муҳаммад бин Сауд ва узви ҳайати уламои мусулмони Арабистон ҳам фармони подшоҳ барои ронандагии занонро тасмими хирадмандона, дуруст, муваффақиятомез ва мусбат донист, ки ба мавқеъ иттихоз шуд.

Ҳамчунин Шайх Абдуллоҳ бин Абдулмуҳсин Ал Туркӣ, узви ҳайати уламои мусулмони Арабистон гуфт, Қонуни асосии подшоҳи Арабистон қирон ва суннат аст ва ҳукми ҷавози ронандаги занон бо ин ду мунофоте надорад, зеро ин ҳукм тибқи завобити шаръӣ аст.

Ҳамаи ин таъйидҳо дар ҳоле аст, ки то пеш аз ин уламои Арабистон мамнуияти ронандагии занонро дастуре бар асоси шаръ эълом мекарданд, то ҷое, ки шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Ол Шайх, муфтии аъзами Саудӣ иддао кард, ронандагии занон боиси қарор гирифтани онҳо дар маърази шарр ва шайтон мешавад ва дарвозаҳои шароратро ба рӯи занон мекушояд.