Сентябр 29, 2017 19:29 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Оятуллоҳ Систонӣ бо ҷудоии минтақаи Курдистон аз Ироқ

Марҷаи олиқадри мусулмонони Ироқ бо ҳамапурсии ҷудоии баргузоршуда дар минтақаи Курдистони ин кишвар мухолифат ва аз талошҳо барои таҷзияи Ироқ ибрози таассуф кард.

Ба нақл аз шабакаи ироқии Сумария-Ниюз, Шайх Аҳмад Алсофӣ, намояндаи Оятуллоҳ Систонӣ, марҷаи олиқадри мусулмонони Ироқ дар хутбаҳои намози ҷумъа дар Карбало гуфт: Мардуми Ироқ тоза аз меҳнати терроризми диишӣ берун омада ва ба лутфи фидокориҳои нерӯҳои ироқӣ дар ҳоли убур аз он ҳастанд, ки мутаасифона бо меҳнати ҷадиде дар бораи талоши бархе барои таҷзияи Ироқ ва ҷудо кардани минтақаи Курдистон аз ин кишвар мувоҷеҳ шуданд .

Намояндаи Оятуллоҳ Систонӣ таъкид кард: Марҷаияте, ки ҳамвора бар лузуми ҳифзи ваҳдати Ироқ таъкид ва барои аз байн бурдани тоифагароӣ ва қавмгароӣ талоши зиёде кардааст, аз ҳамаи тарафҳо мехоҳад, ба Қонуни асосии Ироқ пойбанд бошанд ва ба аҳкоми додгоҳи федерали Ироқ руҷуъ кунанд .

Шайх Аҳмад Алсофӣ, аз масъулони минтақаи Курдистони Ироқ ҳам хост, барои ҳалли масоили мавриди ихтилоф бо давлати марказӣ дар Бағдод, ба Қонуни асосӣ руҷуъ кунанд .

Ӯ дар бораи иттихози иқдомоти марбут ба ҷудоӣ дар ин кишвар ҳам ҳушдор дод: Чунин иқдомоте авоқиби вахиме барои шаҳрвандони курд дорад ва ба хатароте ҷуброннопазир мунҷар хоҳад шуд .

Намояндаи Оятуллоҳ Систонӣ дар Карбало таъкид кард: Ҷудоии минтақаи Курдистон аз Ироқ ба мудохилаи хориҷӣ дар умури Ироқ барои иҷрои тарҳу нақшаи худ ва ба зарари манофеи миллати ин кишвар мунҷар мешавад .

Ҳама‌пурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ бо вуҷуди мухолифати ҷаҳонӣ ва вокуниши қотеи давлати Ироқ 25 сентябри 2017 бо ангезаи шахсии Масъуди Боризонӣ баргузор шуд .