Октябр 01, 2017 18:23 Asia/Dushanbe
  • Насруллоҳ: Амрико ва Исроил аз ҷудоиталабии Курдистон ҳимоят мекунанд

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханони худ ба муносибати шаби Ошӯрои ҳусайнӣ гуфт, Исроилу Амрико аз ҷудоии минтақаи Курдистон аз Ироқ ҳимоят мекунанд.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо баёни ин ки Амрико ва режими саҳюнистӣ пас аз шикасти тарҳи ДИИШ дубора ба лоиҳаи таҷзияи минтақа бозгаштанд, афзуд, масъалаи ҳамапурсии минтақаи Курдистони Ироқ рабте ба таъйини сарнавишти мардуми ин минтақа надорад, балки ба таҷзияи минтақа бар асоси нажод марбут мешавад. Ҳасан Насруллоҳ, масъалаи ҳамапурсии ҷудоии Курдистони Ироқро таҳдид барои ҳамаи минтақа дониста, ба ҳокимони Саудӣ ҳушдор дод, лоиҳаи таҷзияи минтақа ба зудӣ ба Арабистон мерасад. Ба гуфтаи Насруллоҳ, Арабистон беҳтар аз ҳар кишвари дигаре дар минтақа шароити таҷзия шуданро дорад. Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон тасреҳ кард, сиёсатмадорони курд дар иҷрои ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ фақати манофеи хоси худашонро дунбол мекунанд ва ба фикри мардум нестанд.

Ба рағми мухолифатҳои қотеи минтақаию байналмилалӣ ва фишорҳои Ҳукумати Ироқ масъулони минтақаи Курдистони ин кишвар 25-уми сентябри имсол ҳамапурсии ҷудоиро сирфан бо ангезаи шахсӣ баргузор карданд.

Сайидҳасан Насруллоҳ ҳамчунин хоҳони ҳифзи суботи сиёсии Лубнон ва оромиши мавҷуд шуда, муҷаддадан ба ҳокимони Арабистон ҳушдор дод, ки дар фикри кашондани Лубнон ба ихтилофоту даргирии дохилию минтақаӣ набошанд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар бораи сарнавишти гурӯҳи такфирии ДИИШ ҳам гуфт, ин гурӯҳи террористӣ ба поёни роҳи худ расидааст.

 

Барчасп