Кашфи ду гӯри ҷамъӣ пас аз озодии Ал-Ҳавиҷаи Ироқ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i24107-Кашфи_ду_гӯри_ҷамъӣ_пас_аз_озодии_Ал_Ҳавиҷаи_Ироқ
Нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ (Ал-Ҳашд-уш-Шаъби ) ду гӯри ҷамъӣ аз қурбониёни ДИИШ-ро пас аз озодии Ал-Ҳавиҷа кашф карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 05, 2017 09:44 Asia/Dushanbe
  • Кашфи ду гӯри ҷамъӣ пас аз озодии Ал-Ҳавиҷаи Ироқ

Нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ (Ал-Ҳашд-уш-Шаъби ) ду гӯри ҷамъӣ аз қурбониёни ДИИШ-ро пас аз озодии Ал-Ҳавиҷа кашф карданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Ал-Олам”, фармондеҳии Нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ эълом карданд, ин гӯрҳо дорои бақияи ҷасадҳои Нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиён, аз ҷумла занону кӯдакон аст, ки ба дасти афроди ДИИШ дар ҷануби ғарби Ал-Ҳавиҷа эъдом шуданд.

Воҳиди расонаии бригадаи чаҳори Ал-Ҳашд-уш-Шаъби ҳамчунин хабар дод, дар ҳафтаи ҷорӣ ҳам се гӯри ҷамъии дигар дар манотиқи Абусахра ва Ал-Зарбон дар ҷануби ғарби ин шаҳр кашф шудааст.

Нерӯҳои лашкари нуҳуми зиреҳӣ, полис, нерӯҳои зудамал ва Ал-Ҳашд-уш-Шаъби шомгоҳи чаҳоршанбе дар ҷараёни набарди сангину хиёбонӣ маркази Ал-Ҳавиҷа дар ҷануби ғарби Киркукро ба таври комил аз вуҷуди ДИИШ озод карданд.