Октябр 06, 2017 17:03 Asia/Dushanbe
  • Арабистон дар феҳрасти сиёҳи кӯдаккушӣ

Саранҷом номи Арабистони Саудӣ дар феҳрасти сиёҳи поймолкунандагони ҳуқуқи кӯдак дар Созмони Милали Муттаҳид қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, куштори садҳо кӯдаку даҳҳо ҳуҷуми хунин ба макотибу бемористонҳои Яман иллати сабти номи Арабистони Саудӣ дар феҳрасти нақзкунандагони ҳуқуқи кӯдак аст.

Манобеи огоҳ дар Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, Арабистон муҷаддадан талош кардааст, ки номи ин кишвар аз феҳрасти сиёҳи ноқизони ҳуқуқи кӯдак хориҷ шавад ва ба ҷойи он танҳо номи бархе аз фармондеҳони низомии эътилоф алайҳи Яман қарор дода шавад. Саудиҳо ҳамчунин аз Амрико хостаанд, барои хурӯҷ аз ин феҳраст ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид фишор биёрад. Пеш аз ин, дар даврони дабири куллии Пан Ги Мун дар СММ ҳам номи Арабистони Саудӣ дар феҳрасти нақзкунандагони ҳуқуқи кӯдак қарор дода шуда буд, аммо Арабистон бо пардохти пул ба Созмони Милали Муттаҳид номи худро аз ин феҳраст ҳазф кард.

 

Барчасп