Октябр 06, 2017 20:01 Asia/Dushanbe
  • Шикасти талошҳои Арабистон барои дур кардани Русия аз Эрон

Пажӯҳишгари рус, талошҳои Арабистон барои дур кардани Русия аз Ҷумҳурии Исломии Эронро бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз нуфузи Эрон дар минтақа, шикастхӯрда хонд.

Ана Борчуска, пажӯҳишгари сёсатҳои Русия дар қиболи Ховари Миёна дар пажуҳише, ки дар пойгоҳи “Huffington Post”-и арабӣ чоп шуд, бо ишора ба аҳдофи сафари Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистон ба Маскав навишт, Малик Салмон ҳарчи қадар ҳам ба Маскав имтиёз диҳад, қодир ба шикастани ҳампаймонии Маскав - Теҳрон нест, зеро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳаргиз розӣ ба дурӣ аз Эрон намешавад.

Ин пажӯҳишгари рус таъкид кард, саудиҳо борҳо барои барҳам задани равобити Маскав бо Теҳрон талош карданд, аз ҷумла инки дар июли 2015 мутааҳҳид шуданд 10 миллиард доллар дар Русия сармоягузорӣ кунанд, аммо он замон Путин мавзеи худро дар қиболи Теҳрон иваз накард.

Вай тағйири мавзеи Арабистон дар қиболи Башор Асад, раисиҷумҳури Сурияро яке дигар аз аҳдофи сафари шоҳи Арабистон ба Русия донист ва тасреҳ кард, ба назар мерасад Арабистон пазируфтааст, Башор Асад бояд дар қудрат бимонад.

Салмон ибни Абдулазиз подшоҳи Арабистон аз чаҳоршанбе шаб дар садри ҳайате болиғ бар ҳазор нафар ба Маскав сафар карда ва ин дар ҳоле аст, ки равобит байни ду кишвар қариб ба як қарн бо таниш ҳамроҳ будааст.