Вазароти дифои Русия хабар дод: Ҳалокати 120 террористи ДИИШ дар Сурия
Вазорати дифои Русия имрӯз эълом кард, дар ҷараёни ҳамалоти ҳавоии ҷангандаҳои ин кишвар дар Сурия тайи 24 соати гузашта, наздик ба 120 террористи узви гурӯҳи ДИИШ ва 60 муздури хориҷӣ кушта шуданд.
Ба гузориши хабаргузории “Фаронса”, дар баёнияи Вазорати дифои Русия омадааст, бо ҳадаф қарор гирифтани як мақари фармондеҳи террористҳо, ҳаддиаксар 80 “ДИИШ”-ӣ аз ҷумла 9 нафар, ки табори онҳо аз минтақаи шимоли Қафқоз буд, дар ҳамла ба минтақаи Маёдин (яке аз манотиқи таҳти ишғоли ДИИШ дар Сурия) кушта шуданд.
Дар идомаи ин баёния омадааст, 40 узви дигар ДИИШ низ дар ҳамалоте, ки наздики шаҳри марзии Абу Камол сурат гирифт кушта шуданд.
Ҳамчунин бар асоси ин гузориш, дар ҳамалоти ҳавоии дигаре, ки дар дараи руди Фурот дар ҷануби Дайр аз-Зур сурат гирифт, 60 муздури хориҷӣ аз кишварҳои Шӯравии собиқ, Тунис ва Миср кушта шуданд.
Вазароти дифои Русия ёдовар шудааст, дар ҳамалоти ҳавоии пешини ин кишвар, се фармондеҳи аршади гурӯҳи ДИИШ, Умар аш-Шишонӣ, Алоуддин аш-Шишонӣ ва Салоҳиддин аш-Шишонӣ, ки ҳамагӣ аз фармондеҳони аршади ДИИШ ва аз минтақаи шимоли Қафқоз буданд, кушта шуданд.
Эъломи хабари ҳалокати аш-Шишонӣ дар ҳоле аст, ки Вазорати дифои Амрико пештар дар соли 2016 хабари ҳалокати вайро тавассути неруҳои амрикоӣ дар Ироқ мунташир карда буд.