Дархости Вазорати хориҷаи Ироқ аз Эрону Туркия (тафсир)
Вазорати хориҷаи Ироқ тайи ёддоште расмӣ ба сафоратхонаҳои Эрону Туркия дар Бағдод, аз ин ду кишвар хост, зимни бастани тамоми гузаргоҳҳои худ бо минтақаи Курдистони Ироқ, таомулоти нафтӣ бо ин минтақаро муаллақ кунанд.
Баргузории ғайриқонунии ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ дар 25 –уми сентябри соли 2017 ба исрори Масъуди Боризонӣ, раиси ин минтақа, ба таниши физоянда дар равобити давлати марказии Ироқ ва кишварҳои минтақа бо масъулони минтақаи Курдистони Ироқ анҷомидааст.
Вазорати хориҷаи Ироқ дар баёнияи худ аз Ҷумҳурии исломии Эрон ва Туркия хост, аз ин пас фақат бо давлати марказии Ироқ дар бораи марзҳо таомул дошта бошанд.
Ин дархост дар шароите сурат мегирад, ки пеш аз ин бо бастани марзҳои ҳавоӣ ба рӯйи минтақаи Курдистони Ироқ тавассути давлати марказии Ироқ ва давлатҳои Туркия ва Ҷумҳурии исломии Эрон, амалан ин минтақа дар муҳосираи ҳавоӣ қарор гирифт.
Дар марзҳои заминии Туркия ва Ҷумҳурии исломии Эрон бо Курдистони Ироқ низ тадобири амниятӣ ба шиддат афзоиш ёфтааст. Вурудиҳои минтақаи Курдистони Ироқ бо Туркияву Эрон нишон медиҳад, ки колоҳои воридотӣ ба минтақаи Курдистони Ироқ коҳиш доштааст. Билофосила пас аз ҳамапурсии ҷудоии Курдистони Ироқ иқдомоти танбеҳӣ тавассути давлати марказии Ироқ ва кишварҳои минтақа дар дастури кор қарор гирифт.
Ин иқдомот, ки нахустин вокуниш ба ҳамапурсии ғайриқонунии ҷудоии минтақаи Курдистон аз Ироқ маҳсуб мешавад, ба манзалаи ошкор шудани маҳдудиятҳову тангнои ҷуғрофиёӣ ва мизони зарбапазирии минтақаи Курдистони Ироқ аст.
Ин минтақа ба баҳри озод роҳ надорад ва ба лиҳози марзҳои ҷуғрофиёӣ дар миёни чаҳор кишвари Ироқ, Туркия, Эрон ва Сурия маҳсур аст ва дар чунин шароите асосан “мавзӯи ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ” мафҳуме надорад ва ба манзалаи интиҳори минтақаи ҷудошуда талаққӣ мешавад.
Муҳимтарин натиҷаи тангнои ҷуғрофиёӣ, таъсиргузорӣ бар вазъияти иқтисодии минтақаи Курдистони Ироқ аст. Фурӯши нафт муҳимтарин манбаи даромади Курдистони Ироқ аст ва ин минтақа рӯзона ҳудуди 350 ҳазор бушка нафт содир мекунад. Аммо баста шудани марзҳо ба манзалаи маҳрум шудани Курдистон аз фурӯши нафт аст, ки ин мавзӯъ ин минтақаро бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ хоҳад кард.
Аз ин рӯ, иқдоми Масъуди Боризонӣ дар баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ танҳо бар мушкилоти иқтисодии ин минтақа хоҳад афзуд.
Дар айни ҳол мақомоти давлати марказии Ироқ борҳо таъкид кардаанд, ки ҳадафи таҳримҳову иқдомоти танбеҳии Бағдод фишор бар шаҳрвандони курд дар минтақаи Курдистони Ироқ нест. Масоили мазкур нишон медиҳад, ки ҳадаф аз масдудсозии марзҳо тавассути давлати Ироқ ва дархост дар ин замина аз кишварҳои минтақа, ирсоли паём барои мақомоти Курдистони Ироқ аст, ки иқдомоти якҷонибаву вогироёнаи ин минтақа танҳо ба инзивои он мунҷар хоҳад шуд.
Зимни он ки чунин иқдомоте беш аз пеш маҳдудиятҳоеро, ки минтақаи Курдистони Ироқ бо он мувоҷеҳ аст, ба рухи мақомоти ин минтақа мекашад.
Ин мавзӯъ баёнгари он аст, ки давлати Ироқ ва кишварҳои минтақа аз аҳромҳои мухталифе ҷиҳати фишор бар минтақаи Курдистони Ироқ бархурдоранд.
Аз ин рӯ, рафторҳои насанҷидаи мақомоти Курдистон метавонад паёмадҳои манфии иқтисодӣ барои ин минтақа ба ҳамроҳ дошта бошад ва исрори мақомоти Курдистони Ироқ бар идомаи вогироёнаи худ чорае барои мақомоти ироқӣ боқӣ нагузоштааст, ки иқдомоти танбеҳии худро дар қиболи ин минтақа дар дастури кор қарор диҳанд.