Октябр 14, 2017 18:27 Asia/Dushanbe
  • Зарбулаҷали Ироқ ба пешмаргаҳои курд барои ақибнишинӣ аз Киркук

Зарбулаҷали масъулони низомии Ироқ ба пешмаргаҳо барои ақибнишинӣ аз мавозеъ, пеш аз соли 2014 дар устони нафтхези Киркук, имшаб ба поён мерасад.

Нерӯҳои пешмарга курди Ироқ се соли пеш, бо истифода аз ноамнӣ ва ҳарҷу марҷе, ки ба иллати ҳамалоти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ ба вуҷуд омада буд, бахшҳое аз устони Киркукро таҳти контроли худ дароварданд .

Як масъули баландпояи курди ироқӣ, ки хост номаш фош нашавад, рӯзи шанбе гуфт: Зарбулаҷале, ки масъулони низомии Ироқ ба пешмаргаҳо додаанд, то ба мавозеи худ пеш аз шашуми июни соли 2014 ақибнишинӣ кунанд ва пойгоҳҳои худро ба нерӯҳои давлатии Ироқ таҳвил диҳанд, шанбе шаб ба поён мерасад.

Пеш аз ин, Фуад Маъсум, раисҷумҳури Ироқ ҷумъа шаб ба Сулаймония дар минтақаи Курдистони ин кишвар рафт, то бо мақомоти минтақаи Курдистони Ироқ дидор кунад .

Ҳанӯз хабаре дар бораи муҳтавои гуфтугӯҳои раисҷумҳури Ироқ бо мақомоти минтақаи Курдистони ин кишвар ба расонаҳо гузориш нашудааст .

Рӯзи ҷумъа, нерӯҳои низомии Ироқ бидуни даргирӣ бархе мавозееро, ки пешмаргаҳои курд аз соли 2014 дар ҷануби устони Киркук дар ихтиёр доштанд, пас гирифтанд.

Киркук аз муҳимтарин манотиқи мавриди мунозиаи миёни идораи маҳаллии Курдистони Ироқ ва давлати марказӣ дар Бағдод аст .

 

Барчасп