Октябр 17, 2017 13:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Идораи авқофи аҳли суннати Ироқ аз амалиёти Киркук

Раёсати Идораи авқофи аҳли тасаннуни Ироқ ҳимояти худро аз иқдомоти рӯзи душанбеи ҳукумати ин кишвар барои дар амал татбиқи намудани қонун дар Киркук эълом кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “ал-Олам”, Шайх Абдулатиф ал-Ҳамим, раиси Идораи авқофи аҳли тасаннуни Ироқ бо интишори баёнияе аз ҳар гуна талош ва фитнагарӣ барои тақсими Ироқ интиқод кард. Ӯ таъкид кард, агар ҳар яке аз тарафҳо иқдом ба интиқомҷӯӣ кунад, бушкаҳои нафт дар Киркук мумкин аст, ба бушкаҳои борут табдил шаванд.

Баъд аз гузашти камтар аз 20 соат аз оғози маъмурияти нерӯҳои Ироқ дар вилояти Киркук манобеи ғайрирасмӣ эълом карданд, ин вилоят ба контроли нерӯҳои муштараки Ироқ даромад. Пештар низ манобеи хабарӣ эълом карда буданд, нерӯҳои Ироқ бидуни ҳеҷ даргирӣ вориди бинои ҳукумати вилояти Киркук шуданд ва контроли онро ба даст гирифтанд.

Вилояти Киркук аз ҷумлаи манотиқи мавриди мунозиаи Бағдоду Арбил аст. Нерӯҳои пешмаргаи Курдистони Ироқ баъд аз ҳамлаи ДИИШ ин вилоятро марҳила ба марҳила дар контроли худ гирифтанд ва аз он хориҷ нашуданд. Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазир ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ дастур додааст, то парчами Ироқ дар тамоми манотиқи мавриди мунозиа дар ин кишвар барафрошта шавад.