Октябр 22, 2017 17:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи тупхонаии нерӯҳои Боризонӣ ба артиши Ироқ

Нерӯҳои вобаста ба Масъуди Боризонӣ, раиси минтақаи Курдистони Ироқ, мавозеи нерӯҳои давлатии ин кишварро ҳадафи ҳамалоти хумпораӣ ва тупхонаӣ қарор доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин ҳамалот шомгоҳи шанбе дар минтақаи Парда, наздики Алтун Купри рӯй дод .

Алтун Купри, шимолитарин минтақаи устони Киркук ба шумор меравад ва аносури Боризонӣ рӯзи ҷумъа ҳам бо мушакҳои сохти Олмон, мавозеи артиши Ироқро ҳадаф қарор доданд. Дар ин ҳамалот, шуморе аз нерӯҳои артиши Ироқ кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд.

Олмон ин мушакҳоро барои истифода алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ дар ихтиёри нерӯҳои курд қарор дода буд .

Нерӯҳои пешмаргаи минтақаи Курдистони Ироқ дар июни 2014 ва дар даргирӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ, бахшҳое аз устони Киркукро таҳти контроли худ дароварданд. Нерӯҳои муштараки ироқӣ аз 15 октябр, нерӯҳои пешмаргаи курдро ба иллати ҳузури ғайриқонунӣ, аз устони нафтхези Киркук ва устонҳои Найнаво ва Диёла ба ақиб ронданд .

 

Барчасп