Октябр 24, 2017 15:40 Asia/Dushanbe

Нахуствазири Ироқ дар дидори вазири умури хориҷаи Амрико дар Бағдод, қотеона аз нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ ҳимоят кард.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, Ҳайдар Алъибодӣ дар дидор бо Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико дар вокуниш ба изҳороти ахири ӯ дар бораи нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ гуфт: Басиҷи мардумии Ироқ умеди ин кишвар ва минтақа аст .

Нахуствазири Ироқ таъкид кард, нерӯҳои басиҷи мардумӣ як ниҳоди расмӣ аст ва нақше асосӣ дар мубориза бо террористҳо дар ин кишвар дорад .

Дафтари Ҳайдар Алъибодӣ низ дар баёнияе таъкид кард, нерӯҳои басиҷи мардумӣ ҳама ироқӣ ҳастанд .

Вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи якшанбе дар дидор бо Одил Алҷабир, ҳамтои саудии худ дар Риёз гуфта буд, шибҳнизомиёни шиа, ки бо ДИИШ дар Ироқ меҷангиданд, акнун корашон поён ёфта ва бояд ба кишвари худ бозгарданд .

Басиҷи мардумии Ироқ ё Алҳашд Алшаъбӣ муташаккил аз гурӯҳҳои мухталифи ироқӣ аст, ки бо дархости Оятуллоҳ Систонӣ, марҷаи олиқадри шиаёни Ироқ ҳамзамон бо суқути шаҳри Мусил дар 10 июни 2014 ташкил шуд .

Парлумони Ироқ 26 ноябри 2016 бо аксарияти оро ин нерӯҳоро бахше расмӣ аз қувои мусаллаҳи Ироқ эълом кард .

 

Барчасп