Октябр 25, 2017 18:57 Asia/Dushanbe
  • Иҳонати саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо

Шаҳракнишинони саҳюнист бори дигар бо вуруд ба Масҷидулақсо ба ин макони Муқаддас иҳонат карданд.

Ба нақл аз маркази иттилоърасонии Фаластин, даҳҳо шаҳракнишини саҳюнист таҳти ҳимояти шадиди нерӯҳои полиси режими саҳюнистӣ аз самти Боб Алмағориба (дарвозаи ғарбӣ) вориди Масҷидулақсо шуданд .

Таарруз ба Масҷидулақсо тақрибан ба кори ҳар рӯзаи шаҳракнишинони саҳюнист табдил шудааст ва режими саҳюнистӣ низ расман аз ин тааррузот ҳимоят мекунад .

Низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист барои аз байн бурдани ҳуввияти исломӣ ва масеҳии Байтулмуқаддас ва ҷойгузин кардани он бо намодҳои саҳюнизм, ба масҷиди шарифи Алақсо ба Ҷавлонгоҳ ҳуҷум меоваранд .

 

Барчасп