Омодагии Курдистони Ироқ барои таълиқи натоиҷи ҳамапурсии ҷудоӣ
Давлати маҳаллии минтақаи Курдистони Ироқ бо ҳадафи шуруи музокирот бо Бағдод барои лағви натоиҷи ҳамапурсии ҷудоӣ эъломи омодагӣ кард.
Ба нақл аз хабаргузории курдии Рудав, давлати маҳаллии минтақаи Курдистони Ироқ дар баёнияе эълом кард, ҳозир аст, натоиҷи ҳамапурсиро дар ин минтақа мутаваққиф кунад .
Дар баёнияи давлати маҳаллии минтақаи Курдистони Ироқ ҳамчунин дархости оташбас ва таваққуфи ҳаргуна иқдоми низомӣ дар марзҳои ин минтақа матраҳ шудааст.
Дар ин баёния, гуфтугӯи Ербил ва Бағдод ҳам бар асоси Қонуни асосии Ироқ пешниҳод шудааст .
Пеш аз ин Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ ҳаргуна гуфтугӯи Бағдод ва Ербилро ба лағв ва на таълиқи натоиҷи ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ машрут карда буд.
Ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ бо вуҷуди мухолифати ҷаҳонӣ ва вокуниши тунди давлати Ироқ, 25 сентябри 2017 ба исрори Масъуди Боризонӣ баргузор шуд .