Октябр 26, 2017 15:26 Asia/Dushanbe
  • Сафари нахуствазири Ироқ ба Теҳрон ва дидоре дар чорчӯби аҳдофи роҳбурдӣ

Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ чаҳоршанбешаб дар садри ҳайати баландпояи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз Анқара вориди Теҳрон шуд.

Нахуствазири Ироқ пеш аз сафар ба Эрон аз кишварҳои Арабистон, Миср ва Урдун низ дидор карда буд.

Ҳайдар Ибодӣ дар ин сафари якрӯза қарор аст бо мақомоти Эрон дар бораи роҳҳои тавсеаи равобити дуҷониба, тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва ҳамчунин рӯйкарди Ироқ дар мавриди ояндаи минтақа дар марҳалаи пасодиишӣ ва ҳифзи ҳокимият ва якпорчагии Ироқ гуфтугӯ кунад.

 Пас аз пирӯзиҳои пай дар пайи Ироқ бар терроризм ва ҳамчунин ғолиб омадан бар мушкилоте, ки Ироқро фаро гирифта, сафари минтақаии Ибодӣ дорои паёмҳои муҳиме аст. Амният, субот, иқтисод ва адами мудохила дар Ироқ чаҳор унсури калидӣ барои сохтани ояндаи Ироқ аст, ки бояд бо ҳимояти якпорчаи кишварҳои минтақа таъмин шавад. Ин сафар аз ин дидгоҳ баёнгари сиёсати таомули чандҷонибаи Ироқ бо ҳамсоягон аст. Таомуле, ки шарти аслии он пазируфтани ҷойгоҳи Ироқ дар минтақа аст.

Дар шароити феълӣ тақвияти равобити минтақаӣ мавзӯи сарнавиштсоз барои Ироқ маҳсуб мешавад ва дастёбӣ ба ин ҳадафро мебоист ҳассостарин бахши сафари минтақаии Ибодӣ донист. Ба вижа он ки Ироқ таҷрибаи хушоянде аз рафтор ва сиёсатҳои гузаштаи Арабистон ва Туркия надорад. Аммо бо вуҷуди ин зеҳнияти манфӣ, нахуствазири Ироқ нигоҳи мусбате ба ин дидорҳо дорад .

Ибодӣ дар нишасти хабарии муштарак бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия дар Анқара гуфт: “Замони он расидааст, ки минтақа дардҳо ва ранҷҳо ва ҳамчунин ихтилофоти худро ба фаромӯшӣ бисипорад ва ҳамкориро ҷойгузини онҳо кунад то ин минтақа нақше дар таҳаввулоти ҷаҳон ва ҳамчунин барқарории сулҳ дар тамоми ҷаҳон дошта бошад”.

Аммо дар ин миён, сафари ҳамзамони вазири хориҷаи Амрико ба Арабистон ва изҳороти мудохилаҷӯёнаи вай мавзӯи қобили тааммул аст. Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико талош кард фазои мусбати ба вуҷудомада дар равобити Ироқ ва кишварҳои минтақаро таҳтушшуои иддаоҳои мавҳум ва сохтагии худ қарор диҳад. Сиёсате, ки вазири хориҷаи Арабистон ҳам онро такмил кард. Одил Ҷубайр низ талош кард нақши Эрон дар Ироқ ва минтақаро барҳамзанандаи субот дар минтақа нишон диҳад. Рекс Ӣтллерсон ҳамчунин дар изҳороти мудохилаҷӯёна дар Ироқ гуфт: “Замони он фаро расидааст, ки шибҳинизомиёни мавриди ҳимояти Эрон ва низ мусташорони эронии онҳо, ки ба Ироқ кумак карданд, ДИИШ-ро шикаст диҳанд, “ба хонаҳои худ” бозгарданд”.

Давлати Ироқ аммо дар баёнияе дар вокуниш ба суханони вазири хориҷаи Амрико таъкид кард: “Ҳеҷ кас ҳақ надорад дар умури Ироқ дахолат кунад”.

Сайид Ҳодӣ Сайид Афқаҳӣ, коршиноси аршади масоили минтақа дар бораи сафари минтақаии нахуствазири Ироқ ба Арабистон ва мавозеи Риёзу Вашингтон дар ин хусус мегӯяд: “Ин гуна сафарҳо таъсире бар равобити мустаҳкам ва густурдаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ироқ надорад. Аз нигоҳи Эрон тавсеа ва беҳбуди муносиботи Ироқ ва кишварҳои минтақа ба суди ҳамаи минтақа хоҳад буд”

Яқинан агар он чӣ ки дар ин сафар, ба вижа дар Риёз ва Анқара аз сӯйи Ибодӣ гуфта шуд, маврид эҳтимоми ҷиддӣ қарор гирад, ҳамаи тарафҳо аз он суд хоҳанд бурд.