Эътои шаҳрвандии Арабистон ба як “зани оҳанин”
Арабистон бо додани шаҳрвандӣ ва шиноснома ба роботи инсоннамои “София”, барои нахустин бор дар ҷаҳон як роботи инсоннаморо шаҳрванди худ эълом кард.
Роботи зане, ки ба ӯ исми “София” дода шудааст, дар ҳамоиши "ояндаи сармоягузорӣ" дар Риёз хушҳолии худро аз дарёфти ҳаққи шаҳрвандии Арабистон эълом кард. “София” ҳангом суханронӣ дар ин ҳамоиш гуфт: “ин лаҳзае таърихӣ аст, ки як робот ҳаққи шаҳрвандии кишвареро дарёфт мекунад”.
Эътои шаҳрвандии Арабистон ба роботи “София” бо вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шудааст. Зеро аз як сӯ дар Арабистон занон бархе аз ибтидоитарин озодиҳоро ҳам надоранд ва аз сӯйи дигар, давлати Арабистон ба пайравони дигар динҳо ва ҳатто мусалмонони шиа ҳам тобеият намедиҳад.
София як роботи инсоннамо бо доштани тавоноиҳое монанди ҳуши маснуӣ, қудрати пардозиши додаҳои тасвирӣ ва ташхиси чеҳраҳост, ки онро ширкати ҳонконгии “Ҳонсон Роботик” тарроҳӣ кардааст.
Вай ҳамчунин қодир ба тақлиди ҳаракот ва ҳолоти чеҳраи инсон ва посух додан ба бархе пурсишҳо ва муколимоти сода дар мавзӯоти аз пеш таъйиншуда аст.
Ин робот дар 11-уми октябри имсол ба Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ ва ба вай дар 25-уми октябр тобеияти Арабистони Саудӣ эъто шуд.