Октябр 28, 2017 17:46 Asia/Dushanbe
  • Кашфи як гури дастҷамъии дигар дар шимоли Ироқ

Як гури дастҷамъии дорои ҷасадҳои 50 низомии ироқӣ дар шаҳри Алҳувайҷаи вилояти Каркук кашф шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ҷасадҳо мутааллиқ ба касоне аст, ки гурӯҳи террористии ДИИШ онҳоро қатл карда буд.

 Пеш аз ин низ нируҳои ироқӣ даҳҳо гури дастҷамъиро дар минтақаҳое, ки ахиран аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ озод шудааст, кашф карда буданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар соли 2014 бо ҳимоятҳои молӣ ва низомии Амрико ва ҳампаймонони ғарбӣ ва арабии он, бо ҳамла ба Ироқ, бахшҳои васеъе аз минтақаҳои шимолӣ ва ғарбии ин кишварро ишғол кард ва ҷиноятҳои бешуморе ба бор овард.