Мавҷи интиқодҳо аз эътои тобеияти Саудӣ ба як роботи инсоннамо
(last modified Sun, 29 Oct 2017 14:05:17 GMT )
Октябр 29, 2017 19:05 Asia/Dushanbe
  • Мавҷи интиқодҳо аз эътои тобеияти Саудӣ ба як роботи инсоннамо

Эътои тобеияти Саудӣ ба як роботи инсоннамо бо вуҷуди поймол шудани ҳуқуқи миллионҳо зану коргари хориҷӣ дар Арабистон, мавҷи интиқодҳоро дар фазои маҷозӣ ба дунбол доштааст.

София, роботи инсоннамо ҷумъаи гузашта дар ҳошияи Нишасти иқтисодӣ дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистон, нахустин бор дар торих тобеияти Саудӣ дарёфт кард .

Корбарони фазои маҷозӣ дар вокуниш ба иқдоми тааҷҷуббарангези Арабистон мабнӣ бар эътои тобеияти Саудӣ ба як роботи инсоннамо бо вуҷуди поймол шудани ҳуқуқи миллионҳо зану коргари хориҷӣ дар ин кишвар, бо ба иштирок гузоштани ҳаштаги # “София ба дунболи лағви васояти худ аст”, эътирози худро ба нақзи ҳуқуқи ибтидоии занон дар Арабистон нишон доданд .

Васояти занон дар Арабистон ишора ба ин мавзуъ дорад, ки дар ин кишвар занон муҷоз нестанд, бидуни ҳамроҳии як мард аз бастагони дараҷаи аввали худ-ба истилоҳ васӣ-ҷое бираванд .

Дар паи қавонини сахт ва нобаробар барои занон дар Арабистон, чанде пеши занони ин кишвар дар пуишҳои мухталиф аз ҷумла “Ман сарпарасти худ ҳастам”, хоҳони бархурдорӣ аз ҳуқуқи фардӣ ва иҷтимоии худ шуданд .

Манол Алшариф, фаъоли ҳуқуқи занони Саудӣ, ки акнун дар Англия зиндагӣ мекунад, дар гуфтугӯ бо CNN гуфт, ҳануз ҳам занон дар Арабистон як ақаллият ҳастанд ва ҳукумати Оли Сауд, занонро ба унвони бахше аз ҷомеаи ин кишвар намепазирад ва занон дар ҷомеаи Арабистон бояд бар асоси муқаррарот ва қавонине, ки зидди онон эъмол мешаванд, рафтор кунанд .