Октябр 30, 2017 14:06 Asia/Dushanbe
  • Дар гурдони занони ДИИШ чӣ ме‌гузарад?

Гурдони Алхансо, муташаккил аз занони узви ДИИШ аз муҳимтарин гурдонҳои ин гурӯҳи террористӣ аст, ки дар ҷиноятҳои онон шарик аст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал-Олам”, гурдони Алхансо, ки дар феврали соли 2014 дар шаҳри Раққа ташкил шуд, аз маҷмӯаҳои мухталифе ба вуҷуд омада, ки ҷазби занону духтарон аз тариқи фазои маҷозӣ, судури фатво барои занони диишӣ ва боздошту муҷозоти заноне ки дастуроти ДИИШ-ро зери по бигузоранд, аз ҷумлаи вазоифи онҳост.

Гурдони Алхансо ҳамчунин занони шаҳрванди манотиқи мухталифро барои баҳракашиҳои ҷинсии саркардагону террористҳои ДИИШ мерабояд.

Дар январи соли 2015 аввалин баёнияи ин гурдон бо унвони “Занони давлати исломӣ” мунташир шуд ва дар ҳамон сол санаде бо унвони “Занон дар давлати исломӣ, тавзеҳу баррасии шароит” интишор ёфт, ки дар он омада буд, синни шаръии издивоҷи духтарони ҷавон бо афроди террористии ДИИШ 9 сол аст.

Аз муҳимтарин заноне, ки барои террористҳои зани ДИИШ фатво содир мекунанд, Имон Албағо аст, ки дар соли 2014 баъд аз канор гузоштани тадрис дар Донишгоҳи Аддаммоми Арабистони Саудӣ ба гурдони Алхансо пайваст ва духтари ӯ Аҳлом Аззаим низ ба унвони шоири ДИИШ фаъолият мекунад.

Аз занони дигаре аз ҷумла Надо Алқаҳтони, Римо Алҷурайш, Умми Сулаймон Ироқӣ ва Умми Валид Ӯзбак низ ба унвони фаъолтарин занон дар гурдони занони ДИИШ ном бурда мешавад.

Толи Ҷонз, хонандаи репи англисӣ, ки чанде қабл хабари кушта шудани ӯ мунташир шуд, низ яке аз машҳуртарин занони узви ДИИШ буд.

Гузоришҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ нишон медиҳад, дар ҳоли ҳозир ҳудуди як сеюм аз нерӯҳои ДИИШ-ро занон ташкил медиҳанд.

Рӯзномаи “Аш-Шарқ-ул-Авсат” дар шумораи 24-уми апрели соли 2017 эълом кард, ки шумори занону духтарони навҷавон дар ин гурӯҳ беш бар 55 дарсад аз маҷмӯи муборизони онҳо шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, дастёбӣ ба қудрату пул, ҷустуҷӯи як зиндагии мутафовит ва тасаввури тавоноии тағйир додани ҷаҳон, аз муҳимтарин далоили пайвастани занон ба гурӯҳи террористии ДИИШ аст.