Ноябр 01, 2017 22:27 Asia/Dushanbe
  • Исмоил Ҳания: Исроил садсолагиашро намебинад

Дуввумин Иҷлоси байналмилалии “Иттиҳоди уламои муқовимат”, ки бо интишори паёми раҳбари ҷумҳурии исломии Эрон дар Бейрут оғоз ба кор кард, шоҳиди мавзеи якпорчаи суханронон алайҳи режими саҳюнистӣ буд.

Шайх Моҳир Ҳамуд, раиси Иттиҳоди байналмилалии уламои муқовимат, бо ишора ба мавзуи “Ҳатмӣ будани заволи режими саҳюнистӣ” эълом кард, ки худи саҳюнистҳо беш аз мусулмонон ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ мекунанд ва ҳатто бархе беш аз мусулмонон ба он эътиқод доранд .

Исмоил Ҳания дар паёме тасвирӣ таъкид кард, ин иҷлос масъалаи Фаластинро дубора ба садри таваҷҷуҳоти мардум ва сарони уммати исломӣ бозме‌гардонад .

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос гуфт: Мо аз қудрати имону ирода бархурдорем ва бар асоси он дар садсолагии баёнияи Балфур мегӯем, ки саҳюнистҳо дар садсолагӣ дигар нестанд, ки ҳузури худро ҷашн бигиранд .

Вай бо ишора ба зарурати ваҳдати гурӯҳҳои фаластинӣ ва канор ниҳодани гузинаи созиш бо режими саҳюнистӣ гуфт, муқовимат беҳтарин ва наздиктарин гузина барои расидан ба муваффақият аст .

Исмоил Ҳания бо баёни инки Фаластин масъалаест, ки метавонад кулли уммати исломӣ ва арабиро муттаҳид кунад, афзуд: Мо имрӯз робитаи қавӣ бо ҷумҳурии исломии Эрон ва Мисру Лубнону Туркия ва Қатар дорем ва ба дунболи равобити саҳеҳ бо Арабистону Урдун ҳастем .

Муҳаммад Тавфиқ Рамазон Албутӣ, намояндаи вазири авқофи Сурия низ бо қироати паёми ин вазири сурӣ гуфт: Ифротгарӣ, такфир ва эътилоф бо бегонагон, дар канори вуҷуди режими саҳюнистӣ аз мушкилоти имрӯзи уммати исломист ва масъуляти сарони уммати исломӣ имрӯз ҳифзи иттиҳоду бародарӣ аст .

Шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон низ дар ин иҷлос ба мардуми Эрон, ки нуги пайкони муқовимат ва мубориза бо режими саҳюнистӣ ҳастанд, дуруд фиристоду таъкид кард, таҳдидҳои Исроил муқовиматро аз идомаи роҳ боз намедорад .

Атоуллоҳи Ҳано низ дар паёме тасвирӣ, ки аз Қудс барои Иҷлоси уламои муқовимат ирсол кард, гуфт: Мо ҳечгоҳ аз Фаластин ва ормони он чашмпушӣ нахоҳем кард ҳарчанд, ки тавтеаҳо зиёду шадид аст .

Ӯ бо баёни инки баёнияи Балфур, ваъдаи Балфур аст на ваъдаи илоҳӣ гуфт: “Бар асоси имоне, ки ба Худоӣ таолӣ дорем ва бар асоси арзишҳои инсонӣ ва имонӣ ва тамаддунии худ таъкид мекунем, ки аз Фаластин ҳимоят мекунем ва дар канори Қудсу  муқаддасоти исломӣ ва масеҳии он истодаем”.

Дар рӯзи нахусти Иҷлоси байналмилалии “Иттиҳоди уламои муқовимат”, шуморе дигар аз уламои ҳозир низ ба баёни дидгоҳҳои худ пардохтанд .