Ноябр 04, 2017 21:22 Asia/Dushanbe
  • Пушти пардаи истеъфои Ҳарирӣ аз нахуствазирии Лубнон

Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон имрӯз аз симмати худ истеъфо кард.

Шабакаи Алъолам дар таҳлиле дар ин бора навишт, истеъфои Ҳарирӣ дақиқан билофосила баъди ду сафари мутаволии вай ба Арабистони Саудӣ ва дидор бо масъулони ин кишвар эълом шудааст, ки дар ин иқдом шоҳиди дахолати мустақими Арабистони Саудӣ ҳастем .

Саудиҳо дар рӯзҳои гузашта таблиғоти густардаеро бо ҳадафи таҳрики Ҳарирӣ алайҳи муқовимат ба роҳ андохта буданд ва бархе манобеи хабарӣ иттилоъ доданд, ки дар дидорҳои Ҳарирӣ бо саудиҳо ҳатто дар сурати адами пазириши тарҳҳои фитнаангез саудиҳо таҳдиди террори вайро матраҳ кардаанд .

Амин Ҳатит дар гуфтугӯ бо шабакаи Алъолам гуфт, ки Ҳарирӣ аз сӯи Арабистони Саудӣ бисёр дар маърази фишор қарор дошт ва ҳатто ба вай иҷоза надоданд, истеъфои ташрифотӣ ва маъмулиро аз кишвараш тақдим намояд.

Нерӯи бознишастаи ситоди артиши Лубнон тасреҳ кард: Истеъфои Ҳарирӣ сабаби таваққуфи баргузории интихобот мешавад .

Назия Мансур, намояндаи собиқи Парлумони Лубнон дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Алъолам тасреҳ кард, ки Ҳарирӣ дар замони нахуствазириаш тасмим дошт, ҳошияи фаъолияте маҳдуд дошта бошад, ки ин масъала нохушнудии Арабистони Саудиро ба ҳамроҳ дошт .

Намояндаи собиқи Парлумони Лубнон таъкид кард, ки Ҳизбуллоҳ омили амнияту суботи Лубнон аст .