Ноябр 05, 2017 15:49 Asia/Dushanbe
  • Боздошти густурдаи шоҳзодаҳои Саудӣ ба иттиҳоми фасод

Подшоҳи Арабистон ба баҳонаи мубориза бо фасоди молӣ, дастури боздошти 11 шоҳзода ва 30 мақоми собиқ ва феълиро содир кард, ки барҷастатарин онҳо вазири горди миллӣ аст.

Ба гузориши шабакаи Скайнюси арабӣ, Туркӣ оли Шайх раиси шӯрои идораи ҳайати кулли варзиш ва мушовири дафтари подшоҳӣ дар Твиттер навишт, субҳи рӯзи якшанбе ҳеҷ кас ҷони солим ба дар нахоҳад бурд.

Ӯ таъкид кард, мақомоти Арабистон ҳамлае беамон алайҳи шоҳзодагон, тоҷирон ва масъулони кишварии муттаҳам ба фасод оғоз кардаанд ва фосидон ҳеҷ ҷое дар Арабистон надоранд.

Дар байни боздоштшудагон номи Мутъаб ибни Абдуллоҳ вазири горди миллии барканоршуда, Шоҳзода Валид ибни Тилол ва шоҳзода Туркӣ ибни Абдуллоҳ ибни Абдулазиз амири собиқи Риёз ҳам ба чашм мехӯрад.

Ин кумита ҳамчунин чаҳор вазири кунунӣ ва даҳҳо вазири собиқро боздошт кардааст.

Ин таҳаввулот баъд аз гузашти камтар аз ду соат аз дастури подшоҳ барои бардоштани қадамҳои ҷадид дар Арабистон ба баҳонаи мубориза бо фасод буд.

Малик Салмон, асри дирӯз дастури ташкили кумитаи мубориза бо фасодро ба раёсати писараш Муҳаммад бин Салмони валиаҳд содир кард.

Бин Салмон, валиаҳди ҷавони Арабистони Саудӣ, ки мавҷи ҷадиде аз ислоҳот дар ин кишварро ба иҷро гузоштааст, чанде пеш таъкид карда буд, ки бозгашти кишвараш ба «Исломи миёнарав» рамзгузори кишвараш ба модернизм аст.