Дуздии садмиллиарддолларӣ дар Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i25321-Дуздии_садмиллиарддолларӣ_дар_Арабистон
Додситони кулли Арабистон бо истинод ба таҳқиқоти анҷомшуда тайи се соли гузашта эълом кард, тайи чанд даҳаи гузашта дастикам 100 миллиард доллар дар ин кишвар дуздида шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 10, 2017 17:03 Asia/Dushanbe
  • Дуздии садмиллиарддолларӣ дар Арабистон

Додситони кулли Арабистон бо истинод ба таҳқиқоти анҷомшуда тайи се соли гузашта эълом кард, тайи чанд даҳаи гузашта дастикам 100 миллиард доллар дар ин кишвар дуздида шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Сауд Алмуҷаб дар баёнияе ин дуздиро ба хотири фасоди систематикии мавҷуд дар ин кишвар дониста афзуд, тайи рӯзҳои ахир 208 муттаҳам ба фасод мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтаанд, ки ҳафт нафар аз онҳо озод шудаанд. Алмуҷаб боздошти даҳҳо чеҳраи хонаводаи салтанатӣ, вазир ва бозаргонон дар ин кишварро «фақат шурӯи амалиёти мубориза бо фасод» тавсиф кард. Ин дар ҳолест, ки коршиносону таҳлилгарони масоили сиёсӣ ин иқдоми Ҳукумати Арабистонро ҳаракате дар ростои тақвияти қудрати Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди ин кишвар унвон мекунанд.