Ноябр 11, 2017 17:36 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тазоҳуроти мардуми Баҳрайн дар ҳамбистагӣ бо Шайх Исо Қосим

Мардуми Баҳрайн шомгоҳи шаби гузашта (ҷумъа), дар бархе манотиқи ин кишвар дар ҳамбастагӣ бо Шайх Исо Қосим, раҳбари шиаёни ин кишвар ва зиндониёни сиёсӣ тазоҳурот карданд.

Сокинони ду шаҳраки “Дамистон” ва “Карзакон” бо барпоии тазоҳуроте дар хиёбонҳои ин шаҳракҳо, ба сиёсатҳои режими Оли Халифа эътироз карданд.

Дар ҳамин ҳол, тазоҳуроти мушобеҳе ба нишонаи ҳамбастагӣ бо Шайх Исо Қосим ва зиндониёни сиёсӣ дар Шаҳракон, Абусибъ ва Ал Шохура баргузор шуд.

Низомиёни режими Оли Халифа ҳамчунин рӯзи гузашта бо истиқрор дар атрофи масҷиди Имом Содиқ (а), дар минтақаи таҳти муҳосираи Ал Дироз аз баргузории намози ҷумъаи шиаён пешгирӣ карданд.

Режими Оли Халифа бо салби тобеият ва муҳокимаи Шайх Исо Қосим, раҳбари шиаёни Баҳрайн аз июни 2016 минтақаи Ал Дироз, маҳалли сукунати ин олими диниро муҳосира кардааст ва аз иқомаи намози ҷумъаи шиаён дар ин минтақа пешгирӣ мекунад.

Баҳрайн аз соли 1390 саҳнаи инқилоби мардумии зидди режими Оли Халифа аст. Мардуми Баҳрайн хоҳони озодӣ, барқарории адолат, рафъи табъиз ва рӯи кор омадани низоми мунтахаб дар кишварашон ҳастанд.