Афзоиши теъдоди қурбониён ва маҷрӯҳони зилзила дар минтақаи Курдистони Ироқ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i25414-Афзоиши_теъдоди_қурбониён_ва_маҷрӯҳони_зилзила_дар_минтақаи_Курдистони_Ироқ
Раиси идораи беҳдошти минтақаи Курдистони Ироқ эълом кард, теъдоди қурбониёни зилзилаи шаби гузашта дар ин минтақа ба 7 кушта ва беш аз 300 захмӣ расидааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 13, 2017 17:36 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди қурбониён ва маҷрӯҳони зилзила дар минтақаи Курдистони Ироқ

Раиси идораи беҳдошти минтақаи Курдистони Ироқ эълом кард, теъдоди қурбониёни зилзилаи шаби гузашта дар ин минтақа ба 7 кушта ва беш аз 300 захмӣ расидааст.

Рейкут Ҳама Рашид афзуд: Теъдоди куштаҳои заминларза ба ҳафт нафар аз ҷумла чаҳор нафар дар шаҳристони Дарбандихон, ду нафар дар Кармиён ва як нафар дар  Сулаймония расидааст .

Раиси идораи беҳдошти минтақаи Курдистони Ироқ идома дод: 321 нафар барои дармон ба бемористон мунтақил шуданд, ки 120 нафар аз онон дучори ҷароҳати шадид ва 201 нафари дигар ба таври сатҳӣ осеб дида буданд .

Зилзилае ба бузургии беш аз ҳафт рихтер якшанбе шаб бахшҳои васее аз кишвари Ироқ ва манотиқи ғарби ҷумҳурии исломии Эронро ларзонд .

Марокизи ларзанигории Эрону Амрико, маркази заминларзаи дишабро манотиқи марзии байни Ироқу Эрон ва наздики ду устони Сулаймонияи Ироқ ва Кирмоншоҳи Эрон эълом кардаанд .