Ноябр 13, 2017 17:50 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии Риёз аз муҳосираи фурӯдгоҳҳо ва бандарҳои Яман

Ба дунболи эътирозҳои байналмилалӣ ба муҳосираи дарёӣ ва ҳавоии Яман аз сӯи Арабистони Саудӣ, намояндаи Арабистон дар Созмони милали муттаҳид эълом кард, ки эътилофи таҳти раҳбарии Риёз, фурӯдгоҳҳо ва бандарҳои Яманро бозгушоӣ мекунад.

Намояндаи Арабистони Саудӣ дар Созмони милали муттаҳид эълом кард, ки эътилофи таҳти раҳбарии Риёз, бозгушоии фурӯдгоҳҳо ва бандари дарёӣ дар Яманро оғоз мекунад .

Ассошиатед Пресс гузориш кард, дар баёнияи намояндаи Арабистони Саудӣ дар Созмони милали муттаҳид омадааст: Гоми аввал дар ин раванд, зарфи 24 соат бардошта мешавад ва шомили бозгушоии тамомии бандарҳои манотиқи таҳти контроли давлати мустаъфии Яман хоҳад буд .

Тибқи ин баёния, бандарҳои Аден, Алмухо ва Мокла бозгушоӣ хоҳанд шуд .

Ба дунболи идомаи муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии Яман ба дасти эътилофи Саудӣ, ҳушдорҳои байналмилалӣ дар бораи авзои фоҷеабори инсонӣ дар ин кишвар афзоиш ёфта ва марги ношӣ аз гуруснагӣ, зиндагии як миллион кӯдаки яманиро дар маърази таҳдид қарор додааст .

Пеш аз ин Ройтерс ба нақл аз созмони беҳдошти ҷаҳонӣ гузориш дода буд, идомаи баста шудани гузаргоҳҳои Яман талошҳои ин созмонро барои кумак ба мардуми ин кишвар мутаваққиф кардааст .

Ҳамчунин Меритсел Рилано, намояндаи ЮНИСЕФ дар Яман рӯзи ҷумъа гуфта буд, дар сурати ҷилавгирии нерӯҳои эътилоф аз вуруди кумакҳо ба бандари Алҳудида ва фурӯдгоҳи Санъо, дар моҳи ҷорӣ сӯхт дар ин кишвар тамом хоҳад шуд ва наздик ба як миллион кӯдаки зери 1,5 сол дар маърази ибтило ба бемориҳои маргбор қарор хоҳанд гирифт .