Ноябр 14, 2017 19:02 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳи вобаста ба ДИИШ - масъули ҳамлаи интиҳорӣ дар Яман

Як гурӯҳи вобаста ба ДИИШ масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ дар ҷануби Яманро бар уҳда гирифт.

Ба гузориши шабакаи “Алмаёдин”-и Лубнон, як гурӯҳи вобаста ба ДИИШ бо интишори баёнияе масъулияти инфиҷори интиҳории бомдоди сешанбе дар шаҳри соҳилии Адан, ҷануби Яманро бар уҳда гирифт ва номи омили ҳамлаи интиҳориро Абуҳоҷар Аладанӣ эълом кард. Дар ин инфиҷор, ки мӯҷиби ваҳшати сокинони ин минтақаи пурҷамъият ва пуррафтуомад шуд, дастикам шаш нафар кушта ва шуморе низ захмӣ шуданд.

Аз оғози ҳамлаи Арабистон ба Яман дар марти соли 2015 манотиқи ҷанубии Яман, аз ҷумла вилоятҳои Адан ва Шабва маҳалли истиқрори гурӯҳҳои террористӣ шудааст. Ин гурӯҳҳо то кунун чандин бор манотиқи мухталифи ҷануби Яманро бо бомбгузорӣ ва ҳамалоти интиҳорӣ ноором кардаанд.