Асад: Таҳаввулоти минтақа нишон дод сиёсатҳои Сурия дуруст буд
Раиси ҷумҳурии Сурия дар дидори муовини вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, таҳаввулоти минтақаву ҷаҳон дуруст будани сиёсатҳои Димишқро аз ибтидои ҷанг алайҳи Сурия собит мекунад.
Ба гузориши ИРНА, Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия асри чаҳоршанбе дар дидори Ҳусайн Ҷобирии Ансорӣ, муовини арабӣ ва африқоии вазири умури хориҷаи Эрон дар Димишқ гуфт, бархе аз кишварҳои минтақа ва Ғарб талош карданд манофеи худро аз тариқи густариши ҳарҷу марҷ ва барҳам задани суботи минтақаи Ховари Миёна таъмин кунанд, бидуни ин ки натоиҷи фоҷеаомези ин сиёсатҳоро дар назар бигиранд.
Асад афзуд, пирӯзиҳои артиши Сурия ва ҳампаймонон дар майдони набард ва мавозеи Димишқ ва кишварҳои ҳампаймон ва дар садри онҳо Эрон дар арсаи сиёсӣ, фақат ба шикастҳои пайдарпайи гурӯҳҳои террористӣ мунҷар нашуд, балки муҳкамтар шудани қонунҳои байналмилалӣ, ҳаққи кишварҳо дар дифоъ аз ҳокимияту истиқлолу тамомияти арзии худ ва ҷилавгирӣ аз дахолатҳои хориҷиро дар пай дошт.
Ҳусайн Ҷобирии Ансорӣ низ дар ин дидор таъкид кард, пойдории Сурия ва муваффақиятҳои паёпай дар ҷанг бо терроризм ва бозгардонидани амният ба ҳамаи манотиқу шаҳрҳои ин кишвар на танҳо пирӯзии миллати Сурия, балки пирӯзии миллати Эрон ва ҳамаи миллатҳое аст, ки ба ҳаққи худ дар дифоъ аз кишвар ва истиқлолашон имон доранд.
Ҷобирии Ансорӣ рӯзи сешанбе низ ба Русия сафар кард ва бо мақомҳои ин кишвар ба гуфтугӯ нишаст.