Ноябр 17, 2017 17:29 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ дар Ироқ ба поёни кори худ расид

Вазири умури дохилии Ироқ аз поёни кори ДИИШ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алолам”, нерӯҳои амниятии Ироқ рӯзи ҷумъа, чанд соат пас аз оғози амалиёти озодсозии ноҳияи Рова, ғарби вилояти Аланбор ин минтақаро аз ишғоли террористҳои такфирии ДИИШ озод карданд ва парчами Ироқро бар фарози сохтмонҳои ин шаҳр барафроштанд.

Қосим Алараҷӣ, вазири умури дохилии Ироқ пас аз озодсозии комили ноҳияи Рова озодии Роваро ба маънои поён ёфтани кори ДИИШ дар Ироқ донист. Дар ҳамин ҳол, сарлашкар Нуъмон Алзубаӣ, аз фармондеҳони артиши Ироқ гуфт, нерӯҳои Ироқ дар ҳоли поксозии шаҳри Рова аз анвои бомб, мина ва домҳои инфиҷорӣ ҳастанд.

Бо озодсозии Рова дар марзи Ироқу Сурия террористҳои ДИИШ дигар ҳеҷ шаҳреро дар Ироқ дар ишғоли худ надоранд ва сирфан дар манотиқи ҳошияӣ ва бархе рустоҳо рафтуомад мекунанд. Амалиёти озодсозии ғарби Аланбор бо мушорикати нерӯҳои артиш ва басиҷи мардумии Ироқ аз 26-уми октябри соли 2017 оғоз шудааст.