Ноябр 21, 2017 17:25 Asia/Dushanbe
  • Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ: Башор Асад кори ДИИШ-ро яксара кард

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ба пирӯзии Ҳукумати Сурия дар баробари гурӯҳи террористии ДИИШ эътироф кард.

Ба гузориши ИРНА, Авигдор Либерман, рӯзи душанбе гуфт, раисҷумҳури Сурия кори ДИИШ-ро тамом кард ва имрӯзи контроли 90 дарсад аз манотиқи маскунии Сурияро дар даст дорад. Ӯ ҳамчунин гуфт, Башор Асад тавони дифоии артиши Сурияро афзоиш додааст. Либерман афзуд: «Минтақаи Ховари Миёна шоҳиди тағйироти асосӣ аст ва мо ниёзманди он ҳастем, ки буҷаи низомии худро як миллиард доллар афзоиш диҳем».

Артиши Сурия ва нерӯҳои меҳвари муқовимат дар рӯзҳои ахир тавонистанд шаҳри Албукамол, воқеъ дар ҷануби вилояти Дайруззурро аз ишғоли ДИИШ озод кунанд. Бо озодсозии Букамол ҳузури террористҳои ДИИШ дар Сурия танҳо ба биёбону даштҳои атрофи вилоятҳои Дайруззур ва Ҳумс маҳдуд мешавад.

 

Барчасп