Ноябр 22, 2017 21:51 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти Ҳарирӣ ба Лубнон ва ақибнишинӣ аз истеъфо

Нахуствазири Лубнон, ки дар Арабистон ба тарзи машкуке истеъфо карда буд, пас аз бозгашт ба Бейрут эълом кард, тасмимашро иваз кардааст.

Саъд Ҳарирӣ, ки рӯзи чаҳоршанбе аз тасмимаш барои тақдими истеъфономаи худ ба раисҷумҳури Лубнон сарфи назар кард, хитоб ба ҳаводоронаш, ки дар атрофи хонааш дар маркази Бейрут ҷамъ шуда буданд, гуфт: “Дар канори мардуми Лубнон боқӣ мемонам ва бо ҳам ва бо эътидол ва миёнаравӣ аз Лубнон ва суботи кишвар дифоъ хоҳем кард”.

Саъд Ҳарирӣ чаҳоруми ноябр дар Риёз, пойтахти Арабистон ба тарзи машкуке аз симмати нахуствазирии Лубнон истеъфо кард ва дар ниҳоят 18 рӯз пас аз истеъфои пурибҳомаш дар Арабистони ‌Саудӣ, саранҷом ба Бейрут бозгашт .

Ҳарирӣ қабл аз суханронӣ дар ҷамъи ҳаводоронаш, дар маросими рӯзи истиқлоли Лубнон ширкат кард ва сипас бо Мишел Авн, раисҷумҳур ва Набиҳ Беррӣ, раиси Парлумони Лубнон дар кохи раёсатҷумҳурӣ дар Бейрут ба гуфтугӯ нишаст .

Ҳарирӣ пас аз дидор бо раисҷумҳури Лубнон гуфт: Ба дархости Мишел Авн истеъфои худро ба таъхир андохтааст, то дар бораи ангезаҳо ва далоили он гуфтугӯ анҷом шавад.

Саъд Ҳарирӣ ҳамчунин бар пайбандии комили худ ба ҳамкорӣ бо Мишел Авн барои муҳофизат аз Лубнон дар баробари ҳаводиси минтақа таъкид кард .

Шахсиятҳои лубнонӣ бо истиқбол аз тасмими Ҳарирӣ таъкид карданд, суханони Ҳарирӣ ба ин маъност, ки аз назари Қонуни асосии Лубнон амалан ҳеч истеъфое рух надодааст ва давлат камокон ба кори худ идома медиҳад .