Маҳмуд Аббос ҷавоби телефони домоди Трампро надод
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i25795-Маҳмуд_Аббос_ҷавоби_телефони_домоди_Трампро_надод
Пас аз баста шудани дафтари Созмони озодибахши Фаластин (СОФ) дар Амрико, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, посухи телефони домоди Трампро надод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 23, 2017 17:55 Asia/Dushanbe
  • Маҳмуд Аббос ҷавоби телефони домоди Трампро надод

Пас аз баста шудани дафтари Созмони озодибахши Фаластин (СОФ) дар Амрико, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, посухи телефони домоди Трампро надод.

Шабакаи телевизиони “Ал Маёдин” ба нақл аз манобеи огоҳ эълом кард, Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин ҳозир ба гуфтугӯи телефонӣ бо Ҷаред Кушнер мушовир ва домоди Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико нашудааст.

Бар асоси ин гузориш, Аббос ба Кушнер паём додааст, агар сӯҳбате дорад бо сафири Ташкилоти худгардони Фаластин дар Вашингтон дар миён бигузорад.

Соиб Ариқот, дабири кулли Кумитаи иҷроии Созмони озодибахши Фаластин, пештар гуфта буд, агар иҷозаи боз будани дафтари ин созмон дар Амрико тамдид нашавад, тарафи фаластинӣ тамоми тамосҳояшро бо тарафи амрикоӣ ба ҳолати таълиқ дар хоҳад овард.

Вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи якшанбе (19 ноябр), расман дафтари Созмони озодибахши Фаластинро дар Вашингтон таътил кард.

Мақомоти Амрико эълом кардаанд, то замоне, ки “СОФ” шикоят аз Исроилро аз додгоҳи байналмилалии кайфарӣ (UCM) пас нагирад ва дар музокироти мустақим бо ин давлат ширкат накунад, муҷаввизи фаъолитҳои дафтараш дар Амрико тамдид намешавад.

“СОФ” дар соли 2015 аз додгоҳи байналмилалии кайфарӣ дархост карда буд, ба иқдомоти Исроил алайҳи фаластиниён бавижа ҳамлаи ба Ғазза дар солҳои 2008 ва 2014 ба расидагӣ кунад.