Оғози боҷгирӣ аз шоҳзодагони боздоштшуда дар Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i25803-Оғози_боҷгирӣ_аз_шоҳзодагони_боздоштшуда_дар_Арабистон
Манобеи огоҳ дар Арабистон эълом карданд, шоҳзодагон ва бозаргонони боздошт шуда ба иттиҳоми фасод, пардохти маболиғеро дар баробари озодии худ оғоз кардаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 23, 2017 17:37 Asia/Dushanbe
  • Оғози боҷгирӣ аз шоҳзодагони боздоштшуда дар Арабистон

Манобеи огоҳ дар Арабистон эълом карданд, шоҳзодагон ва бозаргонони боздошт шуда ба иттиҳоми фасод, пардохти маболиғеро дар баробари озодии худ оғоз кардаанд.

Шабакаи телевизиони амрикоии “Бломберг” ба нақл аз манобеи огоҳ дар Арабистон, ки нахостанд номашон фош шавад, гузориш дод, баъзе аз шоҳзодагон ва бозаргонони боздошт шуда, ки дар меҳмонхонаи Ритс Карлтони Риёз нигаҳдорӣ мешаванд, тавофуқномаҳоеро бо масъулони саудӣ имзо кардаанд, то бахше аз дороиҳо ва мавҷудии ҳисобҳои бонкиашонро ба ҳисобҳои давлатӣ мунтақил кунанд ва дар муқобил, ба иттиҳоми фасод муҳокима нашаванд.

“Бломберг” пешбинӣ кардааст, байни 50 то 100 миллиард доллар аз ин тавофуқномаҳо ба даст ояд.

Аз сӯи дигар рӯзномаи англисии “Daily Mail” ҳам дар гузорише дар бораи вазъияти шоҳзодагон ва масъулони саудии боздошт шуда навишт, маъмурони амниятии вобаста ба ширкати хусусии амрикоии “Блэкуотер”, ки дар бозҷӯӣ ва шиканҷа машҳур аст, ба хости Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон шоҳзодаҳои боздоштшударо шиканҷа карда ва мавриди лату куб қарор додаанд.

Дар идомаи ин гузориш омадааст, ибни Салмон ҳудуди 194 миллиард доллар аз дороии афроди боздоштшударо мусодира кардааст.

Тайи ҳафтаҳои гузашта, беш аз 40 нафар аз мақомот ва шоҳзодагони Саудӣ боздошт шудаанд.