Ҷумъаи сиёҳ, баҳои Миср барои мухолифат бо ҷанг
(last modified Sat, 25 Nov 2017 10:25:20 GMT )
Ноябр 25, 2017 15:25 Asia/Dushanbe
  • Ҷумъаи сиёҳ, баҳои Миср барои мухолифат бо ҷанг

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба масҷид Алрӯза дар минтақаи Алъариш дар саҳрои Сино дар шарқи Миср, ҳудуди 250 кушта ва беш аз 100 захмӣ доштааст, ки бештари куштаву захмишудагонро намозгузорони намози ҷумъа ташаккул медиҳанд.

Ҳамла ба масҷиди Алрӯза дар абъоди мухталиф ҳоизи аҳаммият аст: Муҳимтарин далели аҳаммият ин ҷинояти террористӣ ин аст, ки нахустин амалиёти террористии пас аз поёни ДИИШ дар Сурияву Ироқ аст.

Дар воқеъ, ин амалиёти террористӣ нишон медиҳад, ки поёни ДИИШ на танҳо ба ҳеч унвон ба манзалаи поёни террору хушунат нест, балки тактикҳои қадимии эҷоди хушунат тавассути касоне, ки Аҳмад Алхатиб, Шайх Алазҳар онҳоро “хафошони шаб” номид, идома пайдо хоҳад кард .

Дуввумин далели аҳаммияти амалиёти террористӣ дар Алъариш ин аст, ки ин иттифоқ дар Миср рух дод. Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури Миср аз ҷумлаи раҳбарони араб буд, ки таи ду ҳафтаи гузашта сареҳан бо ҳаргуна ҷанги ҷадид дар Ховари Миёна ба хусус ҷанг алайҳи Лубнон мухолифат кард.

Сеюмин далели аҳаммияти ин амалиёти террористӣ низ ин аст, ки дар саҳрои Сино анҷом шуд. Саҳрои Сино таи солҳои ахир муҳимтарин макон дар Миср буд, ки шоҳиди инфиҷорҳои террористӣ буд.

Акнун низ агарчи муҳити амниятии Миср дар муқоиса бо ду соли гузашта тағйиру беҳбуд пайдо кардааст, аммо машғул кардани давлати Миср ба ноамнии дохилӣ ва дур нигаҳ доштани он аз таҳаввулоти минтақаӣ метавонад яке аз аҳдофи ҷинояти террористӣ дар Алрӯза бошад .

Амалиёти террористӣ дар Алрӯзаи Миср метавонад ҳомили ин паём низ бошад, ки аносури гурӯҳҳои террористӣ пас аз шикастҳои мутаволӣ ва фурупошии созмонҳои низомиашон дар Ироқу Сурия, ҷуғрофиёи ҳузури худро тағйир доданд.

Шимол Африқо метавонад бистари муносибе барои фаъолиятҳои зеризаминии ин гурӯҳҳои террористӣ бошад.

Дар айни ҳол, вокуниши давлати Миср метавонад ҷибҳаи ҷадиде алайҳи гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Африқо эҷод кунад.

Амалиёти интиқоми хуни шуҳадо, ки ба дастури Абдулфаттоҳ Сисӣ дар вокуниш ба ҷиноят дар Алрӯза анҷом мешавад, метавонад нуқтаи оғози шаклгирии ҷибҳаи ҷадид алайҳи терроризм дар шимоли Африқо бошад, ки меҳварияти он бо Миср, ки бузургтарин артиши арабиро дорад, хоҳад буд .