Ноябр 26, 2017 21:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳамсӯии Иттиҳодияи Араб бо мавозеи саҳюнистҳо

Намояндаи Парлумони Лубнон аз тасмимоти Иттиҳодияи Араб ва ҳамсӯии он бо мавозеи саҳюнистҳо интиқод кард.

Аюб Ҳамид, узви фраксияи тавсеа ва озодӣ дар Парлумони Лубнон гуфт: Иттиҳодияи Араб забони воҳиде бо режим саҳюнистӣ дорад ва ба ҷои забони арабӣ ба забони ибрӣ сухан мегӯяд ва ба дунболи таъмини манофеи саҳюнистҳост .

Дар нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Араб, ки ба дархости Арабистон баргузор шуда буд, баёнияе ҳовии иддаоҳои беасосу такрории зидди Эрону Ҳизбуллоҳи Лубнон содир шуд .

Намояндаи Парлумони Лубнон таъкид кард, дар ҳафтаҳои гузашта Лубнон шароити буҳронӣ ва сахтеро пушти сар гузошт, ба вижа онки ҳадаф аз ин тарҳҳои фитнаафканона дар Лубнон барҳам задани амнияту суботи дохилӣ ва доман задан ба мушкилоти фирқаӣ дар дохили кишвар буд.  

Аюб Ҳамид тасреҳ кард: Ҳикмат, ҳушёрӣ ва идораи ҳакимонаи давлату миллати Лубнон, ин тарҳҳои фитнаафканонаро, ки қасд доштанд, Лубнонро ба ақиб бозгардонад, аз байн бурд .

Намояндаи Парлумони Лубнон дар идома афзуд: Имрӯз бояд бо тамоми тавон дар ҷиҳати ҳалли мушкилот ҳаракат кард, зеро ин кишвар мутааллиқ ба ҳамаи лубнониҳост ва ҳамагон масъули каромату ҳокимияти он ҳастанд ва бояд кишварро бо ҳамаи дастовардҳои ба даст омада ҳифз кард .

 

Барчасп